ШАРОИТИ МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН БЕҲТАР ШУДААСТ 0 8 Мубодила кардан Бо истифода додани марказҳои ташхисию табобатии замонавӣ муҷаҳҳаз бо технологияи муосир имкон фароҳам овардааст, ки шароити таълими амалии донишҷӯён ва сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ беҳтар карда шавад. Ин ҳама дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустии кишвар ва диққати беандоза нисбат ба сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ мебошад. Маркази периноталии Беморхонаи вилоятии бисёрсоҳавии клиникии ба номи А.Ҳақназарови ш.Кӯлоб заминаи асосии омодасозии момодояҳо барои коллеҷ ба шумор меравад. Дар маркази мазкур донишҷӯён дар синфхонаҳои таълимии алоҳида дарс гузашта таълими амалиро бевосита дар кабинетҳои ташхисию табобатӣ зери назорати табибон ва ҳамшираҳои дорои дараҷаи касбии баланд мегузаранд. Мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Шарипова Д. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 8 Мубодила кардан