ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲОИ ФАННӢ БЕҲТАР МЕШАВАНД

0 68

    Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти маҳбубамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ хеле рушд намудаанд. Имрӯзҳо донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ дар шароити ба талаботи замона ҷавобгӯ дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ касби корманди миёнаи тиббиро аз худ менамоянд. Маҳз фароҳам гардидани шароитҳои мусоид, ташкилу ба истифода андохтани муассисаҳои тандурустӣ бо шароитҳои мусоиди хизматрасонӣ меҳри ҷавонон бахусус духтаронро ба соҳаи мазкур ҷалб намудааст. Донишҷӯдухтарон дар коллеҷҳои тиббӣ бо шавқу ҳаваси хоса ба таълим машғуланд.

     Нишони ин иштироки фаъолонаи онҳо дар маҳфилҳои фанние, ки дар заминаи кафедраҳо ташкил карда шудаанд мебошад. Дар назди 16 кафедраҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” маҳфилҳои фаннӣ фаъолият менамоянд, ки аз тарафи онҳо давоми соли таҳсил пайваста чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла ҷамъомаду конфронсҳо, озмунҳо, дарсҳои кушоду намунавӣ, мизҳои мудаввар, викторинаҳо ва ғ. ташкилу баргузор карда мешаванд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо бараъло ҳис карда мешавад, ки донишҷӯён нисбат ба касби корманди миёнаи тиббӣ шавқу ҳаваси беандоза доранд. Онҳо ба чорабиниҳои маҳфилӣ бо омодагии хеле хуб иштирок намуда, сатҳи дониш ва малакаҳои баланди худро намоиш медиҳанд.

     Албатта чаро аз чунин шароитҳо донишҷӯён истифода набаранд? Ҷавонӣ мавсимест, ки танҳо дар замони он инсон метавонад дониши худро сайқал диҳад, касб омӯзад, то дар оянда соҳибкасб шуда, дар ҷомеа ҷойи худро дошта бошад ва ба ватану халқи худ хизмати шоиста намояд.

         Бахши таълим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.