СӮҲБАТ АТРОФИ БУЗУРГИИ СУХАН БО ПРОФЕССОР ЗАФАР МИРЗОЁН

0 7

       Ҳафтаи сипаришуда, дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дарси сиёсӣ баргузор гардид. Унвони нахустини ин нишасти хотирмон хеле ҷолиб буда, ба тарбияи пизишкёрони оянда — ҳамшираҳои шафқат нигаронида шудааст;  «Ҷойгоҳи сухан дар љомеа ва аз љумла дар ҷараёни дармонбахшӣ ба беморон». Ин иқдоми хотирмон бо ташаббуси директори Коллеҷи тиббӣ, доктори илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абдулло ва ҳамкории профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мушовири ректори ин донишгоҳ, Зафар Мирзоён доир гардид.

         Устод Зафар Мирзоён тайи суҳбати дусоатаи худ ба мавзӯъҳое даст бурданд, ки шунавандагон онҳоро нодиру обнашӯста донистаанд. Ин донишманди мумтоз диққати иштирокчиёни дарсро ба он паҳлӯҳои сухан ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа, зиндагии мардум равона карданд, ки одатан мо ба он нозукиҳо беҳамиятӣ зоҳир мекунем. Устод Зафар Мирзоён дар ҷараёни суҳбати пурмуҳтавои худ намунаҳои зиёд аз классикони адабиёти форс — тоҷик, сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ оварда, гуфтаҳои худро бо далелҳои мушаххас мустаҳкам намуданд. Аз ҷумла қайд карданд: «Дар андешаҳои асотирии мо сухан, ки бузургтарин дастоварди одамӣ аст аз олами боло ба вай ато шуд, то инсон аз маърифати худо бенасиб намонад. Дар бораи ин ҳикмат Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:

             Агар беҳ набудӣ сухан аз худой,

             Набӣ кай будӣ назди мо раҳнамой.»

   Яъне агар сухан аввал набуд, паямбар чӣ гуна моро раҳнамоӣ мекард?!

  Дар сурудаҳои Гоҳон, куҳантарин бахши Авасто аз Аҳурамаздо мепурсад: Эй Аҳурамаздо! Эй Сипандтарин Мину! Эй додори ҷаҳони  устуманд! Эй Ашун, кадом буд он сухане, ки маро дар дил афгандӣ, эй Аҳурамаздо?

        Он гоҳ Маздо гуфт: Эй Спитамони Зартушт, он сухан Аҳун буд, ки туро дар дил афкандам. ( Авасто…. С. 173)

       Устод ҳамчунин бо ишора ба Се асли ориёӣ баён намуданд:

       Тамоми усули ахлоқи амалии ҷаҳонӣ дар се асл, ё дар се дастур, яъне Пиндори нек, Гуфтори нек ва Кирдори нек хулоса ва баён шудааст.

         Ин се марҳилаи такомули ахлоқии инсон аст, ки пайравӣ аз яке, ба қабули он дуи дигар оварда мерасонад.

    Иҷрои чунин дастурҳоест, ки расидани одамиёнро ба дараҷаи камол замонат медиҳад. Мардумоне, ки чунин эътиқоде дошта ва аз ин дастурҳои соддаву бепироя пайравӣ кунанд, бинишу куниши меҳрубонӣ, дӯстӣ ва сулҳу созиш миёнашон барқарор хоҳад буд. Ба зиндагии хуши моддӣ хоҳанд расид ва маънавиёт миёни онҳо бидуни пирояҳои фаротабии, ҳукмраво хоҳад буд.

       Чуноне ки иштирокчиёни ин нишаст бо як миннатдорӣ ва рӯҳияи баланди хештаншиносии миллӣ аз толор берун шуда, гуфтугӯро берун аз толор низ идома доданд.

         Иброњимов Сорбон – котиби ташкилоти ибтидоии “Ворисони Сино”-и  ҲХДТ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.