Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи рух додани офати табиӣ, ки боиси обхезӣ ва омадани сел гардид, як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори ёрирасон зарар диданд.
Бо мақсади дастгирии саривақтии аҳолии осебдида ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо, дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ гардида, бо таъсиси комиссияҳо ва ситодҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Дар доираи тадбирҳои андешидашуда ба оилаҳои зарардида кӯмакҳои моддӣ ва маводи ниёзи аввал дастрас карда шуданд. Аз ҷумла, ба аҳолии осебдида 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растанӣ тақсим гардид.
Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, инчунин беш аз ҳазор маҷмӯи либос ва пойафзоли кӯдакона дастрас карда шуд.
Илова бар ин, ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол дода шуд. Ҳамчунин, ба оилаҳои зарардида асбобу анҷоми рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ расонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат нисбат ба аҳолӣ, махсусан дар рӯзҳои душвор, бозгӯи татбиқи самараноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ин дастгириҳоро бо хушнудӣ истиқбол намуданд.