КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-БАДЕӢ ДАР МАВЗӮИ «ҶОЙГОҲИ РОБИАИ БАЛХӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИК»

0 8

(Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Санаи 7-уми майи соли 2026 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии илмӣ-адабӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Робиаи Балхӣ дар адабиёти тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қумринисо, сардори шуъбаи методӣ Абдураҳмонов Карим иштирок доштанд.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қумринисо ҳусни оғоз бахшида, дар қисми аввал ба иштирокчиён маълумот дода шуд, ки Робиаи Балхӣ яке аз нахустин шоирзанони адабиёти тоҷик буда, дар асрҳои гузашта ҳамчун шахсияти донишманд ва рамзи матонату ирода шинохта шудааст. Мероси адабии ӯ дар ташаккули фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад.

Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Саидова Дилафрӯз бо маъруза дар мавзӯи «Робиаи Балхӣ ва нақши зан дар адабиёти форсу тоҷик» баромад намуда, дар бораи яке аз бузургтарин занони адабиёти тоҷик – Робиаи Балхӣ, ки бо суханҳои пурмаънӣ ва шеърҳои зебояш номи худро дар таърих ҷовид гузошта буд, суханронӣ намуд.

Ҳамин тариқ, дар ин чорабинӣ омӯзгорони кафедраи мазкур Бобошоева Ҳавасмоҳ дар мавзӯи «Мавзӯи асосии ашъори Робиаи Балхӣ», Чинигули Барот дар мавзӯи «Мероси адабии Робиаи Балхӣ» бо маърузаҳои илмии худ баромад намуданд.

Аз тарафи донишҷӯён қироати шеърҳо ва баромадҳои ҳунарӣ пешкаш карда шуд.

Дар натиҷаи конференсия донишҷӯён дониши худро оид ба адабиёти классикии тоҷик васеъ намуда, бо ҳаёт ва эҷодиёти Робиаи Балхӣ маълумоти бештар гирифтанд. Ин чорабинӣ барои баланд бардоштани маърифати миллӣ, эҳтиром ба фарҳанги гузаштагон ва тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯён мусоидат намуд.

Дар охир сардори шуъбаи методӣ Абдураҳмонов Карим баромад намуда, конференсияро ҷамъбаст кард. Ӯ қайд намуд, ки чунин чорабиниҳои илмӣ-бадеӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониш, густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба адабиёти классикии тоҷик нақши муҳим доранд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи адабиёт, аз ҷумла Робиаи Балхӣ, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди маърифати фарҳангии ҷавонон аҳамияти хосса дорад.

Дилафрӯз Саидова

Мудири кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.