МАҚОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ «ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

0 114

«Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллат, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем».                                                                                                                                    Эмомалӣ  Раҳмон

  Ин суханони пур зи меҳру вафо ва садоқатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли таърихи башарият раҳнамову роҳбалади насли дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷик аст. Миллати ҷабрдидаи тоҷик дар тӯли асрҳо зери фишору таҳдидҳои аҷнабиён мероси гаронбаҳои худро ҳифз карда тавонист.

       Фарзонафарзандони баору номус ва фидоии ин забону ин миллат бо сарварии Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ забони миллиро дубора эҳё намуданд.

      Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист, аз ин рӯ ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад.

  Дахсолаҳо гузоштанду забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба феҳристи забони сиёсат, коргузорӣ, илм, адабиёт ва равобити давлатӣ дохил шуда, имрӯз тамоми сохторҳои давлатӣ, забони коргузорӣ, қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ин ифтихори басо бузурги мо — миллати тоҷик аст.

    Даврони Истиқлолият марҳалаи эҳё ва рушди забони тоҷикиро дар ақсои олам муаррифӣ намуд.

     Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Мутаҳид, ки аз ин минбари бонуфузи ҷаҳон аз забони Пешвои миллати тоҷикон забони ноби тоҷикӣ садо дод ва иброз намуданд, ки «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугуро муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, Шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузоштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад».

     Аз ин рӯ ман ба ин забони шеваи шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯсти аз минбари баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишин лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро ба ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дуру ҷахонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташакули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам.

     Дар чунин вақту шароит ҳар яки моро зарур аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таҳқиқи илмӣ ва таъмини ҳаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворою ноби тоҷикиро аз олоишҳои бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок созем. Маданияти сухангӯию одоби каломро баланд бардошта, дар навишту гуфтор меъёрҳои забони адабиро риоя намоем.

Мудири кафедраи «Забони ва адабиёти тоҷик»- и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»    Комилова Ш.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.