ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ЛИВОИ ОЗОДИВУ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

0 3

«Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст”

                                             Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷомеаи муосир, ҳар як давлати соҳибистиқлолро Парчами он муаррифӣ менамояд, зеро дар рамзу баёни аломати парчам хусусиятҳо аз тамаддун, маданият, урфу одат, бовариву эътиқодот, одобу русуми ниёгон, ҳувияту руҳияи миллии ба миллатҳо хос таҷассум мегардад. Бо чунин хусусият ва мазмун, Парчам ё дигар рамзҳои давлатӣ дар сатҳи баланд арҷгузорӣ карда мешаванд, зеро онҳо ифодакунандаи хосиятҳои дар боло зикршуда мебошанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам, маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавии миллӣ ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки зери ин арзиши муқаддаси миллӣ мутаҳид бешем, ҳамеша ва дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимоя ва поку муқаддас нигоҳ доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, ин пос доштани Ватан, аҷдод ва таъриху суннатҳои миллӣ мебошад.

Таърихи парчами тоҷик беш аз 4500 солро дар бар мегирад. Манбаъҳои бостонӣ тавлиди нахустин дирафшро ба замони шоҳ Фаридун нисбат медиҳанд. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки Коваи Оҳангар ҳангоми қиём бар зидди Заҳҳоки морон пешдомани чармини худро бар найза баст ва бо мардуми зиёде назди Фаридун рафт. Фаридун онро бо рангҳои сурху зарду бунафш ва ҷавоҳирот ороста, «Дирафши Ковиён» ном ниҳод. Вожаи «дирафш» аз решаи «дурухш» — нур, равшанӣ ва дурахшидан бармеояд. Рангҳои он низ маънои рамзӣ доштанд: сурх — ҳаёту ҷасорат, зард — покӣ ва насли ориёӣ, бунафш — иртиботи замину осмон. Ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Ба ибораи дигар, Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Мақоми Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, мустаҳкам намуд. Минбаъд, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999, №892 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Баъдан, 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ моҳияти Парчами давлатиро муайян карда, тартиби расмии истифодаи онро ба танзим даровард. Дар асоси моддаи 4 Қонун бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, №659 “Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шуд, ки он масъалаҳоро вобаста ба тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Тазаккур бояд дод, ки маҳз аввалин Парчам, ки баҳри барҳам додани қувваи бадӣ ва нишонаи ғалаба кардан арзи ҳастӣ кардааст, басо рамзист ва воқеан Парчам доштан ин ифтихорманду иқтидорманд будан аст. Парчам ин муқаддасоти миллие мебошад, ки ба воситаи он халқияту миллату давлатҳо дар ҷаҳон муаррифӣ мегарданд.

Бояд қайд кард, ки парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардидани Парчами давлатӣ мебошад.

Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар он нишонаҳои парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид.

Аз 19 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид тағйирот вори карда, 24 ноябр – Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид қонунӣ гардонида шуд.

Ногуфта намонад, ки гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд.

Аҷдодони мо на ин ки дар замони давлатдориҳои асотирӣ, балки дар замони давлатдориҳои воқеъӣ аз замонҳои қадим сар карда, Парчамро ҳамчун рамзи маъқули ба худашон хосу сари баландашон истифода мебурданд. Ифтихормандӣ бо парчаму парчамдорӣ ҳамчун оини қадимии аҷдодони тоҷик ба мерос омадааст. Парчам яке аз нишондиҳандаҳои раванди маърифати инсонист ва миллати мо соҳиби фарҳанги ниҳоят пурмуҳтавои антиқа мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.” Парчамдории аҷдодони тоҷик аз замони давлатдории Ҳахоманишиҳою Қушониёну Сосониён бо савти сохти давлатдориашону мазҳаби Зардуштия мувофиқ меомад. Дар он парчамҳо низ рамзи озодӣ, муттаҳидӣ, ғурури ориёӣ, ҷовидонӣ, бурдбориҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ инъикос меёфтанд. Асли мӯҳтавои он Парчамҳо аз гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек манша мегирифт. Шоҳони пешинаи Ориёнӣ Парчамро то ба андозае муқаддас медонистанд, ки онро ба гаронтарин арзиш, зару зевар ороиш медоданд. Ин кор маънои онро дорад, ки Парчам аз муқаддастарин рамзи давлат ба ҳисоб мерафтааст. Давлатҳои асримиёнагии тоҷикон Тоҳириёну Саффориёну Сомониёну Ғуриёну Курдҳою Сарбадорони Хуросон ҳам рамзҳои ба худ хоси давлатдориро муқаддасона пос медоштанд. Баъди аз байн рафтани он давлатҳои миллии аҷдодони тоҷик, парчами ишон ҳам таназзул ёфт. Тӯдаҳои заҳматкаши тоҷик сад солаҳои дигар дар зери парчами зулмонаи турку муғулнажодон бо савти хостаи онҳо ва бо сари хам меҳнаткашӣ мекарданд.

Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз табрикоташ ба муносибати иди Парчам гуфта буд: “Итминони комил дорам ки Парчами давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд”. Агарчанде ки соҳибистиқлолиро мо 9-уми сентябри соли 1991 ба даст оварда бошем ҳам вале масъалаи қабули рамзҳои давлатӣ аз ҷумла парчами нави миллӣ 24 ноябри соли 1992 дар Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби хоҷагии ҷамоавии ба номи С.Урӯнхуҷаев сурат гирифт. Дар ҳамон ҷо раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами нави мазмунан миллии тоҷикро бӯсида, савганд ёд намуд, ки ба халқу Ватан бо дили софу садоқатмандона хизмат хоҳад кард. Ин парчами нави дорои аҳамияти таърихӣ яку якбора ба вуҷуд наомада, муддатҳо дар асари ҳаллу фасли адибону олимони номии тоҷик омода гаштааст. Комиссияи созандагии парчамро беҳтарин фарди кишвар академик Муҳаммад Осимӣ роҳбарӣ намудааст.Дар ин рамзи навин орзу, умед, қудрат, тавоноӣ, эҳтиром ба анъанаҳои таърихи кишвари худ таҷассум ёфтаанд.

Парчами давлатии Тоҷикистони навин худ як рамзи соҳибистиқлолии кишвар, иттифоқи ногусастании байни синфи коргару деҳқон ва қишрҳои дигари иҷтимоии сокини Тоҷикистон, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳо ва миллатҳои ин сарзаминро таҷассум кардааст. Ин парчам аз матоъи росткунҷаи як бар ду метрӣ, серангае иборат аст: аз боло ба тарзи уфуқ ранги сурх, ва аз поён бо ҳамон андозаи баробар ранги сабз ва ниҳоятдар миёни ҳар ду рахи сурху сабз рахи сафед ҷой гирифтааст, ки паҳноияш ба андозаи ҳарду ранги боло ва поён баробар омадааст.

Парчами давлатӣ на танҳо рамзи давлати имрӯзаи мо, балки нишони идомаи анъанаи ҳазорсолаи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Миллате, ки ба таърих ва рамзҳои давлатдории худ эҳтиром дорад, дар оянда низ поянда ва сарбаланд хоҳад монд.”

Парчами давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба яке аз муқаддастарин рамзҳои миллӣ табдил ёфта, он ҳамчун рамзи иттиҳоду ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва худшиносии миллӣ эътироф гардидааст. Зери ҳамин Парчам миллати тоҷик давлати мустақили худро бунёд карда, роҳҳои амалӣ намудани рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро пешаи худ ќарор додааст.

Сиёсати маънавибунёд ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арҷ гузоштани муқаддасоти миллӣ ҳанўз азрўзҳои нахустини давлатдорӣ бо эътимоду боварӣ вусъат пайдо карда буд.

“Пешвои муаззами миллат Парчами давлатиро барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон унвон намудаанд. Боиси сарфарозист, ки пас аз Истиқлоли давлатӣ ҳамчун анъана Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона ба сифати рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон истиқбол ва ҷашн гирифта мешавад.Зеро парчам дар лаҳзаҳои душвору ҳассоси таърихӣ қабул гардида, ваҳдату иттиҳод ва сарҷамъии миллати тоҷикро таъмин намудааст”.

Парчам ба он хотир муқаддас аст, ки алтернатива надорад. Ҳар чизе, ки мисли Модар, Ватан ҷовидониву бебадал ва ягона аст, муқаддас аст.

Парчами давлатӣ барои мо — нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ҳимояи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Моро мебояд, ки бо Парчами миллии худ ифтихори зиёде дошта бошем, эътибори онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, сармояи гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ҳар як фарзанди Ватан барои парчамбардору номбардор ва ифтихори миллату давлат будан, бояд ҳамеша талош намояд.

Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик истиқлоли хешро устувору пойдор сохт ва ба ваҳдати миллӣ расид. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик пайваста созандагӣ мекунад ва дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф мегардад.

Имрӯз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки Парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонанги миллат дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.

Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Нуруллоён Сарвиноз Аҳмадулло

муовини директор оид ба корҳои таълими-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматудло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.