ПАРЧАМ –САРМОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ 0 4 Мубодила кардан Парчами давлатӣ рамзи устувории кишвар, ҳамбастагию ягонагӣ, иттиҳоду якдигарфаҳмӣ, ҳувияти миллӣ буда, барои тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон нақши муҳим мебозад. Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин рамзҳои ҳувияти миллӣ ва нишони ҳокимияти давлатӣ дар ҳар кишвар ба шумор меравад. Барои тоҷикон низ Парчами давлатӣ на танҳо аломати расмии давлати соҳибистиқлол аст, балки чун рамзи муттаҳидкунанда, ифтихори миллӣ ва омили бедории худшиносии миллӣ арзишманд мебошад. Бо қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 миллати тоҷик рамзи нави давлатдории худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, ки он аз таърихи қадима, фарҳанги ғанӣ ва ормонҳои миллӣ сарчашма мегирад. Бояд тазаккур дод, ки Парчами миллии тоҷикон, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои давлатӣ афрохта гардида, дар муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон низ мақом ёфтааст, дорои таърихи қадима мебошад. Пайдоиши парчам дар аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим ба вуҷуд омада, одатан бо номи «Дирафши Ковиён» маълум мебошад ва пайдоиши он мувофиқи маълумотҳо дар Бохтари қадим рост меояд, ки минбаъд дар дигар сарзаминҳои шарқу ғарб низ паҳн гардид. Нахуст маълумотҳо дар бораи парчам ва парчамдорӣ дар китоби «Авесто» қайд карда шудааст. Мувофиқи қисмати Вандиди ин китоб «Бохтар дорои парчами баландафрохта мебошад». Бо гузашти ҳазорсолаҳо, дар интиҳои асри 20-ум, мардуми тоҷик баъд аз давлати бузурги Сомониён дубора Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард. Ин рӯйдоди фараҳбахш санаи 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст. Дар он айём аз сабаби бад будани вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар кишвар рамзи давлатӣ — парчаме, ки таҷассумгари орзуву ормонҳо ва мақсаду мароми мардум бошад, арзи вуҷуд надошт. Бо ин ният Ҳукумати навтаъсиси он замон, ки таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи мушкилу ҳассос идора мешуд, барои таҳия ва қабули санадҳо доир ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ иқдом намуданд. Дар таърихи миллат санаи 24 ноябри соли 1992 орзуи деринаи мардум ҷомаи амал пӯшид. Ба хотири гиромидошти ин рамзи давлатдорӣ рӯзи 24 ноябри соли 2010 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе, дар паҳлуи чапи Қасри миллат ба бунёди Парчами давлатӣ корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, 30 августи соли 2011 ба анҷом расид.Шоми ҳамон рӯз бо ширкати Роҳбари мамлакат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби кишвар бо пояи 165 метра, ки дар ҷаҳон ҳамчун баландтарин дар ҷойи дувум ба ҳисоб меравад, дар ҳузури мардуми бешумор ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ бо кафкӯбиҳои бардавом ва шодию нишоти бепоён парафшон гардид. Парчами миллӣ бо паҳноии 30 метр ва дарозии 60 метр дар дунё ҳамто надорад. Дарвоқеъ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуби мо ба ҳисоб рафта, он бо назардошти урфу одат, расму анъанаҳо ва хусусиятҳои миллӣ таҳия шудааст. Ҳар як хату рангаш инъикосгари таърихи пурифтихори миллати муборизу соҳибватани тоҷик буда, аз муборизаву диловарии ин халқи шарафманд дар роҳи озодию истиқлолиятхоҳӣ гувоҳ аст. Расидан ба бахту иқболи неку зиндагии шоиста ва азму талошҳо баҳри сарсабзию ободии Меҳани куҳанбунёд аз фарзандони боору номус ва ватанпарвар шаҳодат медиҳад. Рӯзи Парчами давлатӣ муборак! Бигузор ин рамзи муқаддас ҳамеша моро ба ваҳдату пирӯзиҳо раҳнамун созад! Дилбар Мирзоева Раиси созмони ҷавонони МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 4 Мубодила кардан