ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ДИРАФШИ ИҚБОЛ 0 3 Мубодила кардан Парчам ҳуввият, озодагӣ, ва ғуруру номуси миллати асилзодаи мост! Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кўшоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад. Эмомалӣ Раҳмон Ҳар давлат дорои рамзҳои расмии хеш мебошад, ки онҳо баргирифта аз фарҳанг, боварҳо, андешаҳо, одобу русуми ниёгон, ҳувият ва рўҳияи миллии сокинони он аст. Ба ин маънӣ сарчашмаи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ таърихи пурғановати халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишони соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми ҷумҳурӣ аз дигар иқдоми муҳими иҷлосияи таърихӣ буд.» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олӣ қабул гардидааст ва аввалин маротиба дар бинои Қасри Арбоби Хуҷанд гузошта шудааст. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид, ки албатта, рамзҳои давлатӣ ва дигар унсурҳои давлатдорӣ муҳим буд. Аввалин чизе, ки барои муаррифии давлат дар ҷаҳон шинохта мешавад- ин парчам мебошад. Парчами давлатӣ аз таърихи дур ва замонҳои гузаштаи давлатдории миллати тоҷик нишон аст. Тоҷикон аз замонҳои қадим давлатдор ва бофарҳангу соҳибтамаддун буданд, ки ин дар тамоми маъхазҳои таърихӣ сабт шудааст. Фарҳангсолорӣ ва муаллими башар ҳисобидани миллати тоҷик дар сарчашмаҳои таърихӣ далели миллати куҳанбунёд ва соҳибмақом будани гузаштагони мо аст. Парчамро нахуст гузаштагонамон ҳамчун нишони иттиҳоду ваҳдат ва рамзи мустақилияти хеш истифода менамуданд, ки ин гувоҳ аз доштани маданияти баланд ва хотираи таърихии бой мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, чунин иброз намуданд: «Ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад». Хулоса, бо бовaрии комил метaвон гуфт, ки Пaрчaми дaвлaтии Тоҷикистони aзизaмон ҳaмчун тaҷaссумгaри умеду ормонҳои мо миллaти тоҷик, ҳaмешa пaрaфшон хоҳaд буд вa зери сояи он вa бо сиёсaти хирaдмaндонa вa инсондӯстонaи Пешвои миллaт дaр роҳи ободии Вaтaни биҳиштосоямон бa дaстовaрдҳои бенaзир ноил хоҳем гaшт. Аламбӣ Ҳасанова муовини декани факултети “кори ҳамширагӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 3 Мубодила кардан