ГИГИЕНА ВА НАҚШИ ОН ДАР ҲАЁТИ РӮЗМАРРА

0 3

Саломатӣ – арзишмандтарин неъмат барои инсон мебошад. Барои нигоҳ доштани он инсон бояд ба қоидаҳои гигиена аҳаммияти ҷиддӣ диҳад. Гигиена аз калимаи юнонии “hygieinos” гирифта шуда, маънояш “саломатӣ” мебошад. Риояи одатҳои гигиенӣ на танҳо саломатии шахсро таъмин мекунад, балки ба сатҳи фарҳанг ва маърифати ҷомеа низ таъсири мусбат мерасонад. Гигиена дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон нақши бузург дорад. Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, яъне тозагӣ ва нигоҳубини бадан, дастон, дандон, мӯй ва либос барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва нигоҳ доштани саломатӣ муҳим аст. Шустани дастон пеш аз хӯрок ва пас аз истифодаи ҳоҷатхона, тозагии дандонҳо ва иваз намудани либосҳои зери бадан аз одатҳои ҳатмии ҳар инсон ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина, гуфта метавонем, ки гигиена ба навъҳои зерин тақсим мешавад:

1. Гигиенаи шахсӣ – нигоҳ доштани тозагии бадан, дастон, дандон, мӯй, нохун ва либос.

2. Гигиенаи хонагӣ – пок нигоҳ доштани хона, ҳавлӣ, ҷойи хоб ва ошхона.

3. Гигиенаи ғизо – интихоби ғизои солим, дуруст нигоҳдорӣ ва пухтани он.

4. Гигиенаи меҳнат – риояи тартиб ва тозагӣ дар ҷойи кор, пешгирӣ аз хастагӣ ва зарарҳои муҳити истеҳсолӣ.

5. Гигиенаи рӯҳӣ – нигоҳ доштани оромии равонӣ, пешгирӣ аз стресс ва ҳиссиёти манфӣ.

6. Гигиенаи муҳити зист – тозагии ҳаво, об, замин ва нигоҳдории муҳити табиӣ аз ифлосшавӣ.

Гигиенаи шахсӣ асоси ҳаёти солим мебошад. Шустани дастон пеш аз хӯрок ва пас аз ҳоҷатхона, тозагии дандонҳо, иваз кардани либосҳои зери бадан, шустани рӯй ва бадан – ҳамаи ин амали оддӣ ба назар мерасанд, вале аҳаммияти бузург доранд. Бемориҳои сироятӣ, мисли зуком, бемориҳои меъдаю рӯда ё илтиҳобҳои пӯст, аксаран аз набудани одатҳои гигиенӣ сар мезананд. Инсонҳои покиза на танҳо ҷисман солиманд, балки дар ҷомеа эҳтиром ва боварии бештар пайдо мекунанд.

Муҳити зисти тоза кафолати саломатии оила ва ҷомеа аст. Хона бояд ҳамеша бо ҳавои тоза нигоҳ дошта шавад, чанг ва ифлосӣ мунтазам тоза карда шавад. Ифлосшавии ҳаво, об ва замин ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар шахс бояд масъулияти ҷамъиятии худро дар пок нигоҳ доштани муҳит эҳсос кунад: партовҳоро ба ҷойи махсус партояд, обро беҳуда сарф накунад, сабзазорҳо ва дарахтонро ҳифз намояд.

Ғизои солим ва тоза манбаи нерӯ ва саломатист. Ҳангоми пухтани ғизо бояд дастон ва асбобҳо тоза бошанд, маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ бояд дар шароити хунук нигоҳдорӣ шаванд. Об бояд филтршуда ё ҷӯшонида бошад. Бемориҳои заҳролудшавӣ ва сироятҳои меъда асосан аз нодуруст нигоҳдорӣ ё истеъмоли ғизои ифлос сар мезананд.

Дар ҷаҳони муосир бисёр одамон вақти зиёдеро пушти компютер мегузаронанд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани дурусти мавқеи нишаст, танаффусҳои кӯтоҳ, машқҳои сабук ва гаштугузори ҳавои тоза барои пешгирии бемориҳои сутунмуҳра ва чашм муҳим аст. Ҳамзамон, истироҳати кофӣ ва хоб дар вақти лозима (на камтар аз 7-8 соат дар шабонарӯз) барои барқарор шудани қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ зарур аст.

Саломатии рӯҳӣ қисми ҷудонашавандаи гигиенаи умумӣ мебошад. Муҳити ором, муносибатҳои нек бо атрофиён ва нигоҳ доштани эҳсосоти мусбат ба шахс кӯмак мекунад, ки стресс ва хастагиро аз худ дур кунад. Машғул шудан бо варзиш, китобхонӣ, мусиқӣ ва тамошои табиат воситаҳои хуби гигиенаи рӯҳӣ ба ҳисоб мераванд.

Гигиена на танҳо маҷмӯи қоидаҳои тозагӣ, балки усули ҳаёт аст. Он ба инсон на танҳо саломатӣ мебахшад, балки ба фарҳанг, зебоӣ ва муносибати нек бо ҷомеа нигоҳи нек доштанро нишон медиҳад. Покизагӣ нишонаи маърифати баланд доштан аст. Ҳар як шахс бояд аз кӯдакӣ одатҳои гигиениро дар худ рушд диҳад, то дар калонсолӣ саломат, зебо ва фаъол бимонад. Ҷомеае, ки мардумаш гигиенаро риоя мекунанд, ҷомеаи солим, пешрафта ва хушбахт аст.

Фарида Талабзода

Омӯзгори кафедраи «Гигиена»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.