ПАРЧАМ РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ 0 2 Мубодила кардан “Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми Тоҷикистон мебошад” Эмомалӣ Раҳмон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Парчам яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ ва нишонаи истиқлолияти ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ, таҷассумгари ваҳдати миллӣ, худшиносии таърихӣ ва мақому манзалати давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991), Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати доштани рамзҳои миллии худро эҳсос намуд. Дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 ноябри соли 1992, Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Ин сана ҳамчун рӯзе ба таърих ворид шуд, ки Тоҷикистон расман соҳиби рамзи давлатӣ гардид, ки аз ҳувият, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. «Парчами миллӣ ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷиллои ранги худ инъикос намудааст». Қабули парчами давлатӣ дар давраи бениҳоят ҳассоси таърихи давлати тоза истиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи нав бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшони маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуд. Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари увият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Парчами давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз се нишонаҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Он Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ менамояд. Бо дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 — сентяри соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр баландтарин парчам дар ҷаҳон гузошта шуд. Он 165 метр баландӣ, 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳнои дошта ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гаштааст. Ҳамин тавр дар вилояти Суғд, шаҳри Хоруғ ва Кӯлоб парчамҳои баландқомат гузоштаанд. Моҳи октябри соли 2016 вакилони маҷлиси намояндагон ва шаҳрвандон иҷозат додаанд, то дар боғча, мактаб, донишкадаҳо, корхонаю фарикаҳо ва манзилҳои зисти худ парчами миллиро насб намоянд. Инчунин парчамро дар конфересияҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фаҳангӣ, идҳои миллӣ ва ҳамчун рамзи сулҳ ва дӯстии тоҷикон истифода мебаранд. Дар муносибат бо дигар давлатҳо ифтихор ва якдилии миллатро мефаҳмонад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, эҳёи рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, ҳамчун эҳёи суннатҳои қадим ва рамзҳои ҳақиқии тоҷикон арзёбӣ мешавад. Ин пайванди таърихӣ аз аҳди қадими давлатдории тоҷикон то даврони Истиқлолу Ваҳдати миллӣ моро ба хулосае мерасонад, ки парчам рамзи абадии ҳастии миллати тоҷик аст. Ҳамин тавр, Парчами давлатӣ на танҳо рамзи давлати имрӯзаи мо, балки нишони идомаи анъанаи ҳазорсолаи давлатдории тоҷикон мебошад. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Миллате, ки ба таърих ва рамзҳои давлатдории худ эҳтиром дорад, дар оянда низ поянда ва сарбаланд хоҳад монд.” Парчами давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба яке аз муқаддастарин рамзҳои миллӣ табдил ёфт. Он рамзи иттиҳоду ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз, зери ин парчам миллати тоҷик давлати соҳибистиқлолро бунёд карда, роҳи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро пеш гирифт. Дар солҳои аввали Истиқлол, ки кишвар рӯзҳои душвори ҷанг ва парокандагиро аз сар мегузаронд, Парчами давлатӣ чун рамзи умеду иттиҳод дар дили мардум зинда монд. Ҳамин парчам буд, ки миллати тоҷикро дар атрофи идеяи ваҳдат ва давлатдории миллӣ муттаҳид сохт. Парчам имрӯз нишони ҳамбастагии тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад – аз кӯдакон то пиронсолон, аз донишмандон то кишоварзон. Зери сояи ин парчам насли ҷавон бо руҳи ватандӯстӣ ва садоқат ба давлат тарбия меёбад. Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ, арҷгузорӣ ба парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи ҳар як шаҳрванди бовиҷдони Тоҷикистон ба шумор меравад. Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди Ватандӯсти мамлакат гардидааст. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем. Пешвои Миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992, дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон баъди интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро бӯсида, эҳтиромашонро нисбати ин рамзи давлатии соҳибистиқлол баён карда буданд. Ҳамин эҳтирому посдории Сардори давлат нисбати Парчам буд, ки бо ташаббуси он шахси бузург Рӯзи Парчами давлатӣ иди бошукӯҳ эълон гардид. Дар давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона донистани таъриху аҳамияти Парчами давлатӣ барои ҳар фарди соҳибхиради кишвар зарур аст ва маҳз бо ҳамин мақсад Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Оре, ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ва бонанг диёр аз партавфишонии Парчами миллӣ ифтихор мекунад. Имрӯз бо боварӣ гуфтан метавон, ки ҳар вақте ки Парчами миллӣ дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зимни суханрониҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвоии миллат давлату миллати моро муаррифӣ мекунад ва ё ба ифтихори ғолибияти ин ё он варзишгар дар сатҳи байналмилалӣ суруди миллии тоҷикон садо медиҳад ва парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад, дилхоҳ шахсро ҳисси хушҳоливу фараҳмандӣ фаро мегирад. Маҳмудзода Қумринисо Нурали муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 2 Мубодила кардан