АҲАМИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 3

Дар эҳёи асолати миллии халқи тоҷик ва пайванд кардани риштаи гусастаи таърихи кишвар бо ҳастии имрӯзи миллат хоссатан маърифату шинохти амиқи мақом ва манзалати давлати Сомониён дар масири таърихи тоҷикон хеле муассир ва корсоз омад. Аз ин лиҳоз иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён дар таърихи навини тоҷикон рӯйдоди фавқулода муҳимми сиёсиву таърихие буд, ки аҳамияти он дар таҳкими худшиносии миллӣ бо гузашти солҳову замонҳо торафт амиқтару дақиқтар дарк хоҳад шуд.

Нақши Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёди давлати ҷавону тозабунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол басо бузург аст. 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз, ки сарнавишти миллат ҳаллу фасл мешуд, вакилон якдилона ҷавони боғайрату ватандӯст ва сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин рўйдоди бузурги таърихӣ барои аз вартаи парокандашавӣ наҷот ёфтани давлату миллат, дар бунёди давлати нави тоҷикон ва мақому манзалати бузург пайдо кардани он нақши бузург бозидааст.

Пешвои хирадманди миллат ба дарки олии ин ҳақиқат расида буданд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон танҳо дар заминаи шинохти ҳувияти миллӣ, худогоҳии таърихӣ, гароиш ба арзишҳои асили миллат ва таъмини ваҳдати мардум муяссар хоҳад шуд. Дар таърихи халқи тоҷик даврони Сомониён, ба таъкиди Пешвои миллат, «марҳалаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои барӯманд», «даврони ба авҷи аъло расидани нерӯи ақлу заковат ва созандагиву эҷодкории тоҷикон» буд.

Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад. Дар Хуҷанди бостонӣ вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI – ум барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ кушишҳои зиёд намуданд. Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 30-солагии онро ботантана чун Иди умумимиллӣ таҷлил мекунад.

Ин иҷлосия, дар ҳақиқат, таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияи мазкур — ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад. Пас аз баромади нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи минбаъдаи сулҳу дустӣ ва тараққиёти кишвар заминагузорӣ гардид. Сухани аввалинашон ин буд: “То як гуреза берун аз Ватан аст, ман хотирҷамъ намешавам. Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!” Нутқи ӯ асоси барномаи амали панҷ соли аввали фаъолияти тамоми ҳукумати ҷумҳурӣ гардид.

Ҷойи ифтихор ва саодати бузург аст, ки дар баробари шахсиятҳои соҳибнуфуз, муътабар ва муҳтарам, ки дар амри таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хидмати шоиста анҷом додаанд, шарафи иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ барои мо низ насиб гардид.

Ҷамъомади идона дар сатҳи баланд ва бо шаҳомати беназир доир шуда, иштирокдорон бо таассуроти амиқ ва руҳияи болида як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардоштанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар симои аҳли ҳузур кулли сокинони мамлакатро ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Роҳбари олии мамлакат Иҷлосияи тақдирсозро сарчашмаи оғози раванди давлатсозии тоҷикон унвон намуда, таъкид доштанд, ки ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қатъ гардида, давлат аз нобудӣ ва миллат аз парокандагӣ раҳо бахшида шуд, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодӣ таъмин шуд.

Воқеан Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва муҳим тақдири минбаъдаи халқи тоҷикро муайян намуда, давлатро аз хатари нобудӣ наҷот бахшид.

Ба назари мо, дар мавриди аҳамият ва мақоми Иҷлосия зикри фақат ҳамин як калима кофист, ки ҷойгоҳу таъсири он дар зиндагии мардуми тоҷик дарк гардад: тақдирсоз.

Бузургтарин ва муҳимтарин нақши Иҷлосия барои халқи тоҷик ҳамин буд, ки он ҳамчун анҷумани саодати халқ тавонист вазъи муташанниҷи сиёсиро ба эътидол оварда, умеду боварҳои мардумро барои сулҳ ва таъмини суботи сиёсӣ таҳким бахшад.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон ин рӯзи саид ва муборак, 16-уми ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн мегиранд ё худ сарвари мамлакати Чин Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, фозилу хирадмандеанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид ва дар қалби онҳо шуълаи умед ба ояндаи пурифтихорро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Дар ҳақиқат, таърих гувоҳ аст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардондани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонданд, ки ба Ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасаввур намекард.

Аз нигоҳи идеологӣ, падидаи пешво ба таври муассир дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳм гузошт. Суханрониҳо, асарҳо ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ба эҳёи тафаккури миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат карданд. Табиист, ки имрӯз мафҳумҳои “пешво”, “сулҳ”, “ваҳдат”, “миллат”, “давлатдорӣ” ва “Ватан” дар зеҳни ҷомеа бо ҳам пайванди маънавӣ пайдо кардаанд. Ин пайванд барои пойдории давлат ва муқовимат ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба амният ва асолати миллӣ – аз экстремизм то бегонапарастӣ – нақши муҳим мебозад.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Саидова Дилафруз Раҳимовна

мудири кафедраи забони тоҷикӣ-и МДТ “Коллечи тиббии шахри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.