ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АЗ МИНБАРИ ХУҶАНД ТО СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТАҲҲИД

0 3

«Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд».Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1992, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он ба бахти мардуми шарафманди тоҷик ва Тоҷикистони азиз фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, шахси оқилу доно ва нотарсу матинирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, тавонистанд бо иқдомҳои некашон ба дили аҳолии Тоҷикистон роҳ ёфта ҳамагонро ба якдигарфаҳмиву худшиносӣ, ватандўстӣ, ваҳдату ягонагӣ, садоқатмандӣ ва баробариву бародарӣ даъват намоянд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд.

Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои нотакрору нодир дар сарнавишти миллати Тоҷик аст, ки бо амали неку пурсавоб дар дили мардум номи худро бо хати тиллоӣ сабт кардааст.

Яке аз самтҳои меҳварӣ дар сиёсати Роҳбарияти давлат дар даврони истиқлол ин масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа мебошад. Зеро маҳз инсони донишманду соҳибмаълумот метавонад нерӯи асосии пешбарандаи дилхоҳ ҷомеа гардад. Маҳз такя ба ақлу идрок ва тафаккури созанда метавонад мушкилкушои тамоми муаммоҳо бошад.

Фидокорӣ, ватандӯстӣ ва садоқати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардум, ҳар як шаҳрванди кишвар ва хосса барои ҷавонони Тоҷикистон намунаи ибрат мебошанд. Маҳз чунин шахсиятҳоанд, ки миллатро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ мекунанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сарвари давлат, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва эҳёи миллии тоҷикон аст ҳамчунин инсони фидоие, ки тамоми ҳастии худро барои ободию пешрафти Ватани азизу маҳбуб бахшидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳое мебошад, ки бо ташаббусҳои созанда ва башардӯстонаи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта ва пазируфта шудааст. Ин ташаббусҳо бештар ба масъалаҳои ҳаётан муҳими глобалӣ, бахусус ҳифзи захираҳои об, муҳити зист, суботи сиёсӣ ва ҳамкорӣ барои рушди устувор равона гардидаанд. Яке аз самтҳои асосӣ ва назарраси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи об мебошад. Тоҷикистон дорои 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ буда, бо ин имконият ва масъулияти табиӣ, дар маркази ҳалли масъалаҳои обии минтақа қарор дорад. Сарвари давлат ин масъаларо аз доираи миллӣ берун оварда, ба сатҳи байналмилалӣ бароварданд. Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба об, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ дастгирӣ шудаанд, соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018- 2028 мебошад.

Ин нуқта мусаллам аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон ҳамчун роҳбари ташаббускор эътироф шудааст. Ӯ шахсиятест, ки дар айни дарки мушкилоти кишвари худ ва ёфтани роҳи ҳалли дуруст барои онҳо, ба ояндаи башарият низ таваҷҷуҳи махсус дорад. Зеро ҳамчун роҳбари оянданигар медонад, ки ҷаҳони имрӯза ҷаҳони ҳамгироист ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидаги наметавонад рушди босубот ва амнияти пойдор дошта бошад. Бинобар ин, дар чандин маврид мушкилотеро, ки дар оянда мумкин аст домангири минтақаи Осиёи Маркази ва умуман ҷаҳони муосир гарданд, пешбини намуда, барояшон роҳи ҳалли муносиб ба миён мегузорад.

Мутмаинем, ки бо татбиқи пурсамари ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат нуфузу эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло рафта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ рушди устувору иқтисоди сабз ва барои наслҳои баъдии инсоният зиндагии шоиставу муҳити зисти солим таъмин мегардад.

Талабова Моҳира

Декани факултети кори фарматсевтӣ МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.