ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ВА ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

0 6

“Намояндагони муҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!”

Қасри Арбоб, 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 1992

Таърих собит сохтааст, ки ҳар он давлате, ки дар асоси ҳокимияти халқ бунёд шуд, тақдири он равшан ва ояндадор гардид. Яъне халқ метавонад Президенти ояндаи худ ва зиндагии осудаю оромонаи худро интихоб менамояд. Президент бошад дар навбати худ барои халқ ва сарзаминаш сулҳу амонӣ ва зиндагии шоистаро таъмин месозад. Сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистони мо низ бар асоси ин ду масъала бунёд ёфтааст. Мардум роҳбари худро дар асоси боварӣ интихоб кард ва Роҳбари давлат дар асоси боварӣ ба халқ озодию ваҳдатро таъмин карда, ба онҳо шаҳди хушбахтӣ чашонид. Халқ ва Президент ду мафҳуми ба ҳам хеле наздику самимӣ гардиданд.

Барҳамхурии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар даҳаи охири асри гузашта боис шуд, то давлатҳои узви он мустақим бошанд. Сохтори давлаториро дигаргун сохта, дар асоси Конститутсия ва дигар қонунҳои дохилии худ амал кунанд. Аз миёни 15 давлати узви Иттиҳоди Шӯравӣ пошхурии ин иттиҳод ба Тоҷикистон зарари ҷиддӣ расонид. Зеро баробари давлати алоҳида шудан мухолифати қувваҳои бадхоҳ ва ҷоҳталаб зиёд гардида, дар аввал оҳиста-оҳиста шӯришҳою нофаҳмиҳо рӯй хестанд. Дахолати гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба сохтори ҳукуматӣ афзудан гирифтанд. Ба ҳар васила бадхоҳон мардумро ба шӯришу низоъ бар мехезониданд. Таъсири афкори дастаҳои мухолифи давлат буд, ки мардум ба гурӯҳҳо ҷудо гардиданд. Оқибати ҷудоихоҳию мансабталабии душманони миллат ба ҷанги дохилии куллӣ дар Тоҷикистон оварда расонид. Душманони миллати тоҷик даст ба силоҳ ва қатлу куштор заданд. Муноқишаҳои минтақавию саросарӣ то рафт авҷ мегирифтанд. Куштани инсон кори муқаррарии силоҳбадастон гашта буд. Кор то ба ҷойе расид, ки мардум аз тарсу ҳарос гуреза шуд, сохтори давлат хароб гардид, генотсиди миллат ба миён омад. Хатари пораю аз байн рафтани Тоҷикистон дар миён буд. Халқ ҷабру ситами зиёд медид. Фазои кишвар ғамангезу даҳшатбор гашта буд. Ба маънои томаш дар ҳамон шабу рӯз нафаре лозим буд, барои сарпаноҳ шуда ба халқ. Чун вазъият аз будаш ваҳим шуд, зарурати таъсиси иҷлосия барои интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Бисёриҳо аз тарси ҷон аз курсиҳои мансабӣ даст кашиданд. На Ватан гуфтанду на халқу на барои ҳифзи он талош карданд. Ҷони худ гуфта канор рафтанд. Маҳз барои барпо кардани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ шаҳри Хуҷанд пешбиниӣ гардид. Ҷиҳати мухолифат бисёриҳо боварӣ надоштанд ин иҷлосия баргузор гардад. Аммо ки на, он баргузор гардид. Ин иҷлосия аз 16.11.1992 то 2.12.1992 бо иштироки намояндагони ҳукумат ва гурӯҳҳои мухолифин бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид.

Дар ин иҷлосияи воқеан тақдирсоз бештари вакилон ба номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, ӯ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари давлат интихоб гардид.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, пас аз суханрониҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони халқ ва сарварони гурӯҳҳои силоҳбадаст иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи умумӣ”-ро қабул намуд. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 Рӯзи Сулҳ ва Ҳамраъйии халқҳои кишвар эълон гардид. Дар ҷойи намоёни Қасри Арбоб чунин шиор намоён буд: “Намояндагони муҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!”

Бояд гуфт, ки пас аз баргузори Иҷлосияи тақдирсоз маҳз роҳкушоиҳо ба сулҳу амонӣ ва бунёди ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз тарафи Президенти маҳбуби мо ибтидо гирифтанд. Музокирот бо дастаҳои мухолифин, сафар ба минтақаҳои мухталифи кишвар ва вохӯрӣ бо мардум, инчунин сафар ба давлати Афғонистон барои барқарорсозии амният ҷоннисориҳои беназири Сарвари давлатанд. Аз наворҳо маълум мегардад, ки аз ибтидо Сарвари ҷавони давлат дар он солҳои мушкили ҷангӣ бо мардум наздик мешуданд, чунки ваъда дода буданд, ки ман ба мардум сулҳ меорам. Маҷрои обу оташу тиру туфангро гузашта, баҳри сулҳ ҷоннисорӣ намуданд. Сулҳро дигарбора тақдими ҳар як Тоҷикистонӣ намуданд. Мардуми парешонгаштаро муттаҳид сохтанд. Кишвари ҷангзадаро дигарбора ба сарзамини хушбахтиҳо бадал намуданд. Халқи тоҷик дар симои Сарвари худ пушту паноҳи худро дарёфт.

Меҳру самимият ва садоқати Президент ба мардум ва мардум ба Президент буд, ки дар интихоботи Президентии соли 1994 мардум ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъй дода, Президенти ояндаи худро интихоб карданд. Интихоб кардану ояндаи худро пурнур сохта, зиндагии осоиштаю хубро соҳиб гардиданд. Он ҳам дар симои Президенти худ шахси наҷибу кордида ва ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, маҳз Тоҷикистони мо замони ба даст овардани Истиқлолияти комил соли 1991 дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дар асоси ҳокимияти халқ (демократӣ) бунёд гардид. Вақте соли 1994 дар Тоҷикистон овоздиҳӣ барои қабули Конститутсия гузаронида шуд, пеш аз ҳама фикри мардум барои қабули конститутсияи мукаммал гирифта шуд. Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Демократӣ будан ба маънои он аст, ки давлат дар асоси ҳокимияти халқ бунёд гардидааст.

Дигар ин ки маҳбубияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар он аст, ки эшон ҳамеша миёни халқ буданд ва ҳастанд. Дар ин маврид метавон ҳазорон мисол овард.

Чун нек бингарем, зимни ҳар сафари корӣ ба ину он шаҳру ноҳия Сарвари давлат ҳатман бо мардум во мехӯранд. Бо муйсафедону ҷавонону наврсон самимӣ суҳбат менамоянд. Дуои пирони хирадро мегиранд, ба ҷавонон тавсияҳо медиҳанд. Кӯдаконро навозиш мекунанд. Дар вохӯриҳояшон ба ҳарфи мардум гӯш медиҳанд. Ё ин ки вақти ҳодисаҳои нохуш бо хонаводаҳои зарардида шинос шуда, аз ҳолашон бохабар мегарданд. Барои сохтмони манзилҳо ва ашёи рӯзгор кумаки худро дареғ намедоранд. Дар чунин ҳолатҳо борҳо дидаем, ки Пешвои миллат ба мардуми зарардида мегӯянд, ки мо танҳо ҷони одамони талафёфтаро барқарор карда наметавонем, аммо барои бунёди хонаҳо ва ҷиҳозу ашёи лозима ҳама гуна шароитро фароҳам мекунем.

Ҳамин аст, маҳбубияти Президент ба халқ ва дар навбати худ маҳбубияти халқ ба Президенташон дар кишвари мо. Ин аст, ки давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон хеле рушд карду пешравиҳои назаррас рӯи кор омаданд. Соҳахои мухталиф рушд карда, сатҳи зиндагӣ ва некуаҳолии мардум баланд гардид. Тоҷикистон ва Президенти мардумию маҳбуби он вирди забони мардум дар ҷаҳон гаштанд!

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи 16-умин Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Аҳтамзода Сарвиноз

декани факултети кори табобатии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.