ИҶЛОСИЯИ XVI: РОҲНАМОИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ 0 4 Мубодила кардан Ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд, ки ман ба мардуми Тоҷикистон сулҳ меорам. Дар ҳақиқат Пешвои миллат тавонист дар мӯҳлати кутоҳ тавонист љанги хунрезиро хотима бахшад. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд. Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад. Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавони 31 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд. Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард. Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои аминтарини дунё ҳисобида мешавад. Пеш аз ҳама, бо ҷашнгирии ин рӯз мардуми кишвари мо нақши Президентро дар барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ рушду инкишофи давлати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бештару хубтар дарк менамояд. Аз ҷониби дигар, аҳамияти таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун ҷашни муҳимми сиёсӣ вазифаи хеле муҳим, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуда истодааст. Ҷиҳати тарбиявии Рӯзи Президент барои насли наврас хеле муҳим мебошад. Ҷавонони мо бояд тарихи пайдоиш, мазмун ва муҳтавои ин рӯзи фархундаро ҳамаҷониба омӯзанд ва дарк намоянд ки он ба рушди давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Хушбахтов Абдуфаёз Декани факултети «Кори ҳамширагӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 4 Мубодила кардан