ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА САОДАТИ МАРДУМИ ТОҶИК 0 1 Мубодила кардан Дар тӯли сию се соли пас аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозаистиқлоли тоҷикон марҳалаи басо душвору тақдирсоз ва аз лиҳози воқеоти сиёсӣ хеле пурборро паси cap гузошт. Оғози ин марҳала бо ҷанги шаҳрвандӣ, ки навъе аз худсӯзии миллист, мусодиф омад. Хушбахтона, ба шарофати гароиши азалии мардуми мо ба сулҳу салоҳ ва мусоламату мудоро, ба шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи сарвари воломақоми кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон тавонист ба худсӯзии миллӣ хотима диҳад ва ба ҷодаи худсозии миллӣ ворид гардад. Ба туфайли сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат тоҷикон ба асри XXI ва ҳазораи нав бо табаҳҳур дар андӯхтаҳои милливу таърихӣ ворид шуданд ва дар заминаи эҳёи дастовардҳои маънавии ниёгони шарофатманди хеш пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва маънавиасоси худро истеҳком бахшиданд. Ташаккули Пешвои миллат аз Иҷлосияи ХVI тақдирсоз сарчашма мегирад. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонуни барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузашта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ сар шуд. 9 ноябри соли 1992 қарори раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи 16 ноябри ҳамон сол, дар шаҳри Хуҷанд даъват намудани иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (даъвати 12 — ум) баромад. Иҷлосия дар вақти муайяншуда, дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд ҷамъ омад. Дар иҷлосия дар қатори намояндагони халқ, арбобони илму фарҳанг, номояндагони ҳизбу ҳаркатҳо, камандирҳои майдонҳои ҷангӣ аз ҳар ду тарафи бо ҳам муқобил, меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳузур доштанд. Мақсади асосии иҷлосия – ин ноил гардидан ба мусолиҳаи миллӣ ва бунёди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Комиссияи муросо ба рӯзномаи иҷлосияи 23 масъаларо дохил кард. Аз ҷумлаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия воридшуда: бозхонди раиси Шӯрои Олӣ А. Искандаров; баррасии аризаи Р. Набиев оиди истеъфо аз мансаби Президентӣ; аризаи аъзоёни раёсати Шӯрои Олӣ, Девони Вазирон; муроҷиат ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; авфи умум; интихоби раиси Шӯрои Олӣ; ташкили Шӯрои Вазирон; аз муҳосираи иқтисодӣ озод намудани минтақаҳои алоҳида ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар ҷойи намоёни Қасри Арбоб чунин шиор намоён буд: «Намояндагони мӯҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад !». Намояндагони халқ дар марҳилаи аввал зарур шумориданд, ки аз тарзи идоракунии президентӣ муваққатан даст кашида, боз ба идоракунии парламентӣ гузаранд. Дар натиҷа 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 27 ноябр бошад ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Ҳукумати иҷроияи ҷумҳурӣ ҳамон вақт иборат аз 20 вазоратҳо ташкил ёфт Рафти фаъолияти иҷлосия нисбатан мӯътадил буд. Ин ҳам аз он гувоҳӣ медод, ки ҳар ду тарафи муқобил майли сулҳро доранд. 26 ноябр ҳатто барои иштирокчиёни иҷлосия оши оштӣ ташкил карда шуд. Умуман иҷлосияи хуҷандӣ, ки то 2-уми декабри ҳамон сол кори худро давом дод, тамоми масъалаҳои пешниҳод гардидаро муҳокима намуда, оиди онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд. Маҳз Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ бозида, роҳи ояндаи дурахшон ва тараққиёти халқи тоҷикро муайян намуд. Дар ин Иҷлосия масъалаи асосии кишвар ҳал гардид, ки он интихоби Сарвари давлат буд, то кишварро аз вартаи фисқу фасод ва нобасомониҳо раҳо намояд. Хушбахтона, дар Иҷлосия аз ҷониби вакилони халқ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сарварӣ пазируфта шуд. Барои таъмини ниятҳои мардум дар кишвар барқарор гардидани сулҳ масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои таклифу дархост ва талаби мухолифин баҳри ба даст овардани сулҳ, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ омода будани хешро ифода кард ва доимо таъкид менамуд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи нерӯҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шурӯъ накунем, кӯмаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, дар Иҷлосияи таърихии XVI (Хуҷандии) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нав раиси ин Шӯро интихоб гардида буд, самтҳои асосии сиёсати хориҷии ҷумҳуриро ба тарзи зайл пешниҳод кардааст: 1). Инкишофи муносибатҳо бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Русия; 2). Мустаҳкам намудани муносибат бо ҷумҳуриҳои Осиёи Мимёна, ки барои мӯътадилии минтақа хело зарур аст; 3). Фаъол намудани муносибат бо давлатҳои ҳамзабон – Эрон ва Афғонистон; 4). Ҷорӣ намудан ва инкишоф додани муносибат бо тамоми давлатҳои мусулмонии Шарқ; 5). Оғоз ва инкишофи муносибат бо давлатҳои Ғарб. Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба тамоми душвориҳо нигоҳ накарда, барои дар тамоми ин самтҳо фаъолона амал намудан иқдомҳои зиёде пеш гирифт. 30 сентябри соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз минбари Иҷлосияи 48-уми СММ (ООН) баромад карда, аз хусуси вазъи ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан зарурияти гуфтушуниди байни тоҷикон сухан гуфта, дар ҳалли ин масъала, барои кӯмак ташкилотҳои байналхалқии ҷаҳонро даъват намуд. Маҳз чунин даъватҳои инсонпарварона буд, ки бисёре аз давлатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои хотима бахшидан ба ҷанги бемаънии байни тоҷикон кӯмак расонидаанд. Дар он иҷлосия сарвари давлати мо фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ҷасуру қавиирода Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромад. Бо шунидани нахустин суханҳои самимию умедбахш ва қатъии Эмомалӣ Раҳмон дар чеҳраи аҳли толор, ки руҳафтодаю маъюс буданд, шарораи умед дурахшид. Эмомалӣ Раҳмон аз сари минбар ба мардум бо самимияту садоқат иброз дошт: «Ман ба хонадони Шумо Сулҳ меорам… То як гуреза дар хориҷи мамлакат азобу дарди ғарибӣ мекашад, ман ҳамчун Роҳбари давлат ором буда наметавонам…». Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардум муҷдаи ҳаёт оварданд. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик муҳим буда, тақдири халқро ҳал намуд. На танҳо тифли дар гаҳворабударо наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро низ муайян сохт. Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизам садоқатмадона меҳнат мекунам”. Ин марди бузург дар чунин вазъияти мураккаб ба сари қудрат омад ва ба ваъдааш вафо кард. Бо талошу кӯшишҳои ин марди бузург масъалаҳои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани ҳукумати конститутсионӣ ҳалли худро ёфтанд. Зеро маҳз таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷангӣ дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гуруҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои башардӯстӣ қабул намуд. Имрӯз Ватани маҳбуби мо новобаста аз он, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дар сатми рушд бо ҳамсоякишварҳо баробар буда, дар баъзе қисматҳо нисбатан хело пеш рафтааст. Сулҳу ваҳдат пояи пешрафти Тоҷикистони азиз аст. Бо бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳҳоии барқии азим, коргоҳҳои саноатии бузург, мактабу шифохонаҳо, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти муҳим сатҳу сифати зиндагии мардум ба боло рафта, назари нек ба ояндаи хеш доранд. Вақт ошкоркунанда ва баҳодиҳандаи дурустии амалҳои мост. Бо гузашти 33 сол аз баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ҳар нафари вадандӯсту соҳибхирад ба вакилони Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, ки тавонистанд интихоби дурусту оқилона кунанд, таҳсину офарин мефиристад. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон аз вакилони он замон сипосгузоранд, ки чунин Сарвари маҳбубро интихоб кардаву ояндаи некро таъмин намуданд ва Тоҷикистон ба кишвари ободу озоду пешрафта мубаддал гардид. Шовализода Қурбонбӣ мудири кафедраи биология-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 1 Мубодила кардан