ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

0 2

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ ва барҷаставу номбардоре зуҳур мекунанд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ва ҳаётан муҳим ба арсаи сиёсат ворид гардида, суботу осоиштагӣ ва дурнамои масири рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян менамоянд ва дар болоравии обрӯву нуфузи давлаташон нақши калидӣ ва абадӣ мегузоранд.

Замоне ки давлати соҳибистиқлол ва миллати соҳибихтиёри мо – тоҷикон ҳанӯз қадамҳои аввалини худро мегузошт, бо роҳи пур аз фоҷеаву мушкилот ва пеш аз ҳама, хатари пароканда гардидани миллат ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани давлати ҷавони Тоҷикистон рӯ ба рӯ гардида буд. Тоҷикистон дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аввалин маротиба 24-уми августи соли 1990 эъломияи соҳибистиқлолии худро эълон ва онро 9-уми сентябри соли 1991 қабул намуд.

Тоҷикистон тайи беш аз як соли баъд аз ноил шудан ба соҳибистиқлолӣ орӣ аз рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ буд. Дар он айём хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонӣ аз доираҳои манфиатдори хориҷӣ ва бо истифода аз усулҳои бегонапарастиву иғвоангез тавонистанд, кишвар ва мардуми моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва бадтар аз ҳама, ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ворид созанд.

Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳу амният, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯъи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд. Баъд аз интихоб гардидани Раиси Шӯрои Олӣ дар муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 гуфта буданд: «…тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хурд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд.

Дар ҳақиқат “Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.”

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат – таъмини сулҳу субот, амнияти сокинони кишвар, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии эшон ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.

Бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург метавон гуфт, ки кору пайкори Пешвои маҳбуби тоҷикон, оини давлатсозиву сулҳофарии ӯ дар радифи шахсиятҳои бузурги миллатсоз қобили қабулу дастури ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин тоҷики асилу созанда дар муаррифӣ намудани миллату, забону фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дошта, забони ширину гушнавозу шевои тоҷикӣ борҳо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ аз забони ин абармарди соҳибзабону соҳибхирад садо додаст. Иқдому ташаббусҳои оливу беназири пешниҳоднамудаи ӯ дар бораи беҳтар намудани вазъи экологии сайёра, оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи сайёра, таҳкими сулҳу субот, маҳкум кардани тероризму экстремизм аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ дар ҷаҳон обрӯй ва эҳтироми хосса дошта, яке аз субъектҳои мубориз бар зидди экстремизму тероризм муаррифӣ шудааст.

Саҳми ватандӯстдоронаву фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ, рушди низоми давлатдорӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, рушди энергетикӣ ва саноатикунонӣ дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, забону фарҳангу урфу одатҳои миллӣ, эҳё, ҳифз ва муаррифӣ намудани адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик бағоят бузургу беназир аст.

Имрӯз Ватани азизи мо – Тоҷикистонро нисбати дирӯзу солҳои пешин ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем, ки ҳамаи ин бо шарофати рооҳнамоию қудрати сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист бо ақлу заковат, хиради азалӣ, дилу нияти пок, иродаи устувор, ҷасорату шуҷоат, созандагию ободкорӣ дар дилу дидаи халқаш роҳ ёбад ва бо зиндагии ободу озоду осоишта онҳоро ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун созад.

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир бо Сарвари сиёсии соҳибназару некбину хирадпешаву фидокору дурандеши худ, ки зиёда аз 30 сол боз Сарвари ин давлату Пешво ва роҳнамои ин миллат аст ва дар дилу дидаи мардум бо кору пайкори созандаву инсонгароёнаву адолатпрваронааш ҷой гирифта, эътимоду боварии халқи кишварро ба даст овардааст ва ҳамчун лидери сиёсӣ қобилияти дарки равандҳои ҷаҳони муосирро дошта, метавонад Тоҷикистонро бо сулҳу суботи комил ба роҳи рушд бирасонад, гомҳои худро ба сӯйи марҳалаи рушди устувор мегузорад.

Ифтихор доштану ба ҳам омадан ва ба ӯ пайравӣ намудан ин нишонаи муҳаббату боварӣ ва эътимоди кулли қишрҳои ҷомеа ба Сарвари некқадаму созандаву ободкор буда, сарчашмаи ин ҳама дарки нозукбинонаи воқеияти таърихии марҳилаи имрӯзаи рушди Ватани азизамон, ифодаи орзую омоли мардуми ин сарзамин барои таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди ҷомеаи рушдёфтаву мутараққии муосир, фатҳи қуллаи муроду расидан ба зиндагии дурахшону шоиста мебошад.

Имрӯз, вақте саҳифаҳои таърихро варақгардон менамоем ва ба он солҳои мудҳиш назар меафканем бемуболиға иқрор мешавем, ки ин як даврони имтиҳони таърихии давлати мо буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии қаҳрамони бемисли худ — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат, иҷрои корҳои муайяни давлатсозию давлатдорӣ барои наслҳои оянда ва рушди ҳокимияти намояндагӣ ба суйи парламентаризми касбӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Дар замони соҳибитхтиёрӣ дар кишвар маҳз таҳти сарвариву роҳбарии марди шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократии дунявӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва миллӣ асоси қавӣ гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, инчунин Конститутсия ва пули миллӣ гардид, Артиши миллии хешро таъсис додаву устувор намуд.

Натиҷаи сиёсати бобарору хирдамандонаи Пешвои миллат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар кишвар таҳавуллот ва дигаргунсозиҳои азим дар соҳаҳои итҷимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, дар як фурсати кутоҳи таърихӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушду нумуъ кард.

Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин марҳилаи таърихӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, намои таъриху тамаддуни воқеии тоҷиконро дар симои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол ифода намуд.

Бо шарофат ва ҷаҳди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд.

Нуруллоён Сарвиноз Аҳмадулло

муовини директор оид ба корҳои таълими МДТ«Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.