16-НОЯБР — САНАИ ВАҲДАТОФАР 0 3 Мубодила кардан Иҷлосияи XVI -Шурои Олии Тоҷикистон, натанҳо руйдоди сиёсӣ, балки оғози зиндагии навини миллати тоҷик мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Тули 33-сол, мардуми шарифи Тоҷикистон, таърихи 16-ноябр-ро ҳамчун рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихии тақдирсози миллат, таҷлил мекунанд. Дар ҳақиқат, соҳибистиқлол шудани кишвари азизамон Тоҷикистон яке аз бузургтарин дастовардҳо барои миллати тоҷик буд. Бояд гуфт, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлату миллати тоҷик, санҷишҳои хеле вазинину сангин пеш омаданд. Соҳибистиқлоли миллати тоҷикро, на ҳама ба хуши пазируфтанд. Бо айби ҳасудону кинаҷуиҳои бархе аз ашхосу гуруҳҳое худоношинос аз яктараф, аз тарафи дигар манфиатҷӯйҳои душманони беруна кишвари азизамон Тоҷикистон ба гирдоби буҳрони шадид фуру рафт.Тоҷикистон ба вартаи ҳалокатбор рӯ ба рӯ шуд. Дар ин вазъи бисёрҳасос ва зиндагисоз интихоби роҳи дуруст хеле мушкил, аммо зарур буд. Тоҷикистони тозаистиқлол ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид шуд.Давлат хеле заиф ва миллат дар ҳоли парокандагӣ қарор дошт.Дар чунин вазъи пурпечитоб ва хатаросо танҳо андеша ва ақидаҳои солим метавонистанд омили бартараф кардани ин мушкилиҳо шавад. Дар ҳамин вазъият вакилони мардуми ба хулосае омаданд, ки дар муддати кӯтоҳ баргузор кардани Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ (Даъвати 12) ҳатми мебошад. Вакилони халқ баъди баҳсҳои тулонӣ баргузор кардани ин иҷлосияро тарафдори карданд. Ҳаминро бояд гуфт, ки бо сабабҳои дар ин давра маълум; нооромӣ, низою муноқишаҳои гурӯҳои мухолиф баргузор кардани иҷлосия дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе имкон надошт. Бо ин хотир, вакилони мардуми ба чунин хулосае омаданд, ки иҷлосия дар минтақаи нисбатан ороми кишвар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Тоҷикистон аз 16-ноябр то 2-декабри 1992 дар Қасри Арбоби ба номи Урунхуҷаеви ноҳияи Хуҷанд баргузор шуд. Дар кори иҷлосия аз 230 нафар вакилон, 197 нафар вакилон иштирок карданд. Дар рафти кори иҷлосия 23 масаъалаи муҳим баррасӣ карда шуд, ки ҳалли онҳо дар ин марҳилаи сарнавиштсоз барои давлату миллат муҳим буд. Яке аз муҳимтарин масъалаҳои ин иҷлосияи таърихи интихоби Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Санаи 19-ноябри соли 1992 масъалаи интихоби Раиси Шӯрои Олӣ барраси гардид. Баъди баҳсҳои тулонии вакилон ба ин вазифаи масъулиятнок номзадии вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳони бо тарафдории 186 нафар вакилон, вакили халқ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар аввалин суханронии хеш роҳбари тозаинтихоби кишвар дар дили вакилон ва кулли мардуми кишвар шӯълаи умедро ҷо кард. Роҳбари давлат ба мардуми кишвар муроҷиат карда, чунин иброз дошт “Ман оғози фаъолияти худро дар ин вазифаи масъулиятнок аз сулҳ оғоз хоҳам кард”. Ибрози чунин андешаи солим дар ин марҳила танҳо ба шахсе мансуб буд, ки ӯ ҷонфидои миллат бошад. Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаи пурмасъулияти ин марҳилаи хеле ҳасосу сарнавиштсоз, бо сифатҳои накуи инсони; ватандӯстӣ, халқпарварӣ, меҳру муҳаббати зиёд ба миилати хеш, садоқат ҷасорат ва қалби саршор аз дӯстории меҳан кори худро оғоз намуд. Воқеаҳои минбаъда дар кишвар исботи он буданд, ки вакилони мардумӣ, дар интихоби худ хато накарда буданд. Мардуми кишвар, ин воқеа ва ин иҷлосияи сарнавиштсозро таҳдири баландро худодоии хеш меноманд. Оре ин саҳифаи пур аз дигаргуниҳо дар раванди таърихи миллати тоҷик роҳи навро боз кард. Бо шарофати ин иҷлосияи тақдирсоз; сулҳу субот, ваҳдату ягонгӣ, рушди ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон таъмин гардид. То вақте, ки тоҷику Тоҷикистон ҳаст, ин воқеа дар зиндагиномаи миллат, бо саҳфаи зарин боқи хоҳанд монд. Мо тоҷикон, имрӯз аз тақдири баланди хеш хушнуд ҳастем ва ҳамеша таманнои онро дорем, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол болои сари миллат парафшон бошад. Мо таманнои онро дорем, ки чунин шахсият, роҳбари оқилу доно, ватандӯсту раъиятпарвар, чунин як сиёсатмадори хирадманд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша роҳбари мо бошад. Ба хотири эҳтиром аз шахсияти пешвои муаззам, заҳмату талошҳои шабонарӯзи барои миллат, мо тоҷикон ҳамасола санаи 16-ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президент” ва санаи ваҳдатофар таҷлил мекунем. Сорбон Юнусов мудири кафедраи “Асосҳои информатика”- МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 3 Мубодила кардан