КОНСТИТУТСИЯ ШОҲҚОНУНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

0 2

Конститутсия бахтномаи миллат ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистони маҳбубро ба воситаи Конститутсия мешиносанд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои ҳаммаи ҳарвандон дарҷ шудааст. Конститутсия 6-ноябри соли 1994-ум ба тариқи райпурсии умумихалқӣ кабул карда шудааст.

Конститутсия аз Муқаддима 10-боб, 100-модда ва тайғироту иловаҳое, ки ба он ворид карда шудааст иборат мебошад. Муқаддимаи Конститутсия «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира оянда масъул ва вазифадор дониста, озодӣ ва ҳуқуқӣ шахсро муқаддас шуморида, таъмини соҳибихтиёрии худ ва рушду камоли онро дарк намуда баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода ҳамин конститутсияро қабул карда эълон менамоем».

Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-майи соли 2016 таёғироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Боби 1-ум Асосҳои сохтори Конститутсионӣ (моддаҳои 1-13)

Боби 2-юм Ҳуқуқ озодӣ, вазифаҳои инсони ва шаҳрванд (моддаҳои 14-47)

Боби 3-юм Маҷлиси Олӣ (моддаҳоҳои 48-63)

Боби 4-ум Президент (моддаҳои 64-73)

Боби 5-ум Ҳукумат (моддаҳои 73-75)

Боби 6-ум Ҳокимияти маҳаллӣ (моддаҳои 76-80)

Боби 7-ум ВМКБ (моддаҳои 81-83)

Боби 8-ум Суд (моддаҳои 84-92)

Боби 9-ум Прокуратура (моддаҳои 92-97)

Боби 10-ум Тартиби тайғири Конститутсия (моддаҳои 98-100)

Дар моддаи 1-уми Конситутсия омадасст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Точикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзандаи ва нкишофи озодонаро фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Қобил ба тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда дар байни панҷ Конститутсияи давлатҳои дунё ҷои махсусро ишғол намудааст.

Аламхонова Сановбар

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷўён МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.