Бақои ҳар як миллатро арзишҳои миллиаш марзи муайян, забон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, Нишон ва Конститутсия муайян мекунад. 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамапурсии мардуми ҷумҳуриамон қабул гардид. Имсол аз қабули Конститутсия 31 сол пур мешавад.
Ифодагари ҳамаи дастовардҳо ва комёбиҳои миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ симо ва достони миллати куҳанбунёди мо буда, ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои миллатро муайян менамояд.
Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиати ҳамаи рукнҳои ҷомеаро дар бар мегирад. Ин ҳуҷҷат ба сифати қонуни асосӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо падидаи нав нест, чунки дар замони Ҳукумати Шўравӣ соҳиби Конститутсияҳои умумихалқӣ будем ва ҳар яки онҳо афкору воқеияти замони худро инъикос мекарданд. Худи мафҳум ва ё истилоҳи «Конститутсия» ин «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-и ҳокимиятро маънидод мекунад. Дар баробари ин, ба сифати қонуни асосии давлат, таҳкимбахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз замони ба миён омадани муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омад. Конститутсия ин қонуни асосии кишвар ба ҳисоб меравад ва онро муассисоте, ки дар чаҳорчўбаи меъёру муқаррароти он таъсис ёфтаанд, наметавонанд, тағйир диҳанд. Тағйири Конститутсия бо роҳи хоса ва танҳо бо раъйи аксари шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад.
Дар тўли 31 соли мавриди амал қарор доштани ин ҳуҷҷати муҳим ба он се маротиба, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рўйдоди муҳим ва мондагори таърихӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Таҳлилгарони хориҷӣ ба ин Қонуни асосии мо баҳои баланд дода, Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешрафта ва сулҳхоҳ муаррифӣ намудаанд. Масъалаи асосӣ аз ҷониби мо, шаҳрвандон, риоя кардани нуқтаҳои зарурӣ дар он нишон дода шудааст. Ҳамаи ин нишондодҳоро бояд бо самимияти хоссаамон нисбат ба давлат ва роҳбари он риоя намоем.
Бояд гуфт, ки доштани Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди ин ё он давлати ҷаҳон боиси ифтихору сарбаландист.
Таърих гувоҳ аст, ки дар дунё халқияту миллатҳое ҳастанд, ки аз давлатдорӣ ва конститутсия бенасибанд. Бинобар ин, месазад, ки мо, тоҷикон бо ин ҳуҷҷати таърихӣ, ки ифодакунанда ва роҳнамои мардуми ватанамон аст, ифтихор намоем. Дар ин қонуни асосӣ ҳамаи мазмун ва мундариҷаи соҳаҳои ҳаёт, қадру манзалати шахс, мавқеи ў дар ҷомеа ба назари эътибор гирифта шудааст. Ба ҳамин хотир, конститутсияро аз давраҳои хеле пештар ҳам раҳнамо ё бахтномаи давлат номидаанд.