Тибқи боби 3, моддаи 8-и қонун ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нест, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.
Дар ҳақиқат, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои Пешвои миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсил барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассире ҳастанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём, аз ҷумла, қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад ва бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем.
Замони ҳозира, ки дунёи онро фазои электронӣ фаро гирифтааст, барои омӯзгорон ҳам осонӣ ва ҳам мушкилиҳои зиёд эҷод намудааст. Муаллим муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Ҳар фарди худшинос, ки имрӯз касби омӯзгориро интихоб намудааст ва ба тарбияи насли наврас машғул аст, бояд ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсии баланд дошта бошад, ҳамеша манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсиаш боло гузошта тавонад.