Барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба Қасри миллат ташриф оварданд.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои калидие баррасӣ гаштанд, ки дар авлавияти сиёсати хориҷии кишварҳои иштирокдори ҳамоиш маҳсуб меёфтанд. Аз ҷумла, а) бӯҳрони Афғонистон ва ивазкунандаи воридот дар минтақа, ки дар ин мавзӯъ Владимир Путин бештар баёни андеша намуд; б) технологияҳои рақамӣ ва мушкилии одамон дар робита бо он, Қосим — Ҷомарт Токаев андешаҳои худро иброз дошт; в) дар мавзӯи тараққиёти гидроэнергетикӣ ва амнияти озуқавории минтақа, Садир Жапаров баромад намуд; г) Пешвои миллат аз афзоиши терроризм дар минтақа ҳушдор дода, андешаҳои худро дар ин мавзӯъ баён намуданд; ғ) раҳбари Туркманистон пешниҳод кард, ки ҷомеаҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо ҳам наздиктар ҳамкорӣ кунанд ва д) озодии рафту омад ва воридот аз кишварҳои сеюм аз мавзӯъҳои матраҳ аз ҷониби раиси Ҷумҳури Ӯзбакистон буд,[5] ки дар ҳамоиши нахусти “Русия ва Осиёи Марказӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Дар поёни мулоқот сарони давлатҳо Изҳороти муштарак қабул карданд.
Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар Қасри миллат оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намуданд.
Муҳтарам Владимир Путин, дар навбати худ Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор доштанд, ки Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад.
Бо ишора ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ҳамчунин, ба натиҷаҳои интизорӣ аз музокироти имрӯза, изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам ба нафъи мардумони ду кишвар бемайлон густариш хоҳанд ёфт.
Муносибатҳои дуҷониба миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Қазоқистон яке аз давлатҳоест, ки аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун як шарики стратегии наздик ба Тоҷикистон буд 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.