ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ ҲАМОИШ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА РУСИЯ

0 0

Тағйирёбиҳои амиқ дар сохтори ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигаргунии харитаи геосиёсии ҷаҳон ва ташаккулёбии гурӯҳҳои ҳамгироии байналмилалӣ бисёре аз давлатҳоро водор ба он сохт, ки ба ҷустуҷӯйи шаклҳои нави амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамкории иқтисодӣ машғул шаванд. Равандҳои наздикшавии давлатҳои мустақил ва муттаҳид гардидани онҳо дар ниҳодҳои асосии минтақавӣ омили асосии муносибатҳои байналмилалии муосир гардидаааст. Бинобар ин, зарурати гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи падидаи ҳамгироӣ аз нуқтаи назари воқеияти муосир ва ояндаи давлатҳо ва минтақаҳо дар фазои геосиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ пайдо мешавад.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳам омаданд.

Баргузории ду ҳамоиши бузурги байналмилалӣ – Саммити «Осиёи Марказӣ – Россия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 9-10-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе далели равшани ин гуфтаҳост. Ин ду чорабинӣ, ки бо иштироки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор мегарданд, Тоҷикистонро дар маркази таваҷҷуҳи сиёсиву дипломатии минтақа ва ҷаҳони пасошуравӣ қарор медиҳанд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 8-уми октябр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе истиқбол гирифта, шоми дӯстии ду давлат дар сатҳи баланд баргузор гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчии фаъоли ташаббусҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфт. Иштироки Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва якчанд ниҳоди байналмилалии дигар на танҳо мавқеи Тоҷикистонро таҳким бахшид, балки онро ба иштирокдори фаъол дар муҳити сиёсию иқтисодии минтақа табдил дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ҳамкорӣ ҳамеша мавқеи созанда ва миёнаравона доштааст. Таҷрибаи давлат дар барқарорсозии сулҳ, ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва тарғиби арзишҳои ҳамзистии осоишта ҳамчун намунаи нодири сиёсати хирадмандонаи миллӣ эътироф карда шудааст. Аз ин рӯ, интихоби Душанбе ҳамчун макони баргузории ду чорабинии муҳими моҳи октябр тасодуфӣ нест, балки он бар пояи таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст.

Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» шакли нави ҳамкорист, ки барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ байни давлатҳои минтақа ва Федератсияи Русия заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Дар шароити тағйирёбии вазъи ҷаҳонӣ ва зиёдшавии рақобат барои захираҳои табиӣ ва роҳҳои транзитӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкории наздик бо ҳамдигар ва бо шарики стратегие, чун Русия ниёз доранд. Тоҷикистон, ки бо ҳама кишварҳои минтақа робитаҳои устувор дорад, метавонад дар байни онҳо нақши пули пайвасткунандаро бозад.

Тоҷикистон бо соҳибистиқлол гардидан дар соли 1991 бо давлатҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои дипломатиро барқарор намуда, ҳамкории гуногунсоҳаро дар минтақа таҳким бахшид. Имрӯз давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории мутақобилан судмандро дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ/, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/, TRACECA, С5+1, Иттиҳоди Аврупо+Осиёи Марказӣ, Ҷопон+Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Корея- Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказӣ-Чин густариш дода, дар ҳалли ағлаби масъалаҳои доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо мавқеи ягона баромад менамоянд. Татбиқи тарҳҳои бузурги минтақавӣ, ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ, хамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии давлатҳои минтақа мусоидат менамояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад.

Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки қарорҳои аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима қабулшаванда ба таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои иштирокдори қолаби Осиёи Марказӣ — Русия замина мегузорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иштироки фаъоли сарони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия нишон медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони кишварҳо ва аъзои ҳайатҳои расмиро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, самимона хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.

Дар идомаи ҷаласа ва суханронии худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардид. Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд.

Дар ин робита, дар ҷаласа масоили мубрами ҳамкории муштарак дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм, таҳкими ҳамкории сарҳадиву низомӣ баррасӣ гардид.

Гуфта шуд, ки изҳороти бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид иродаи умумии кишварҳои Иттиҳодро барои таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ инъикос менамоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аҳамияти қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид карда, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон омодагии худро барои идомаи фаъолонаи талошҳо баҳри тавсеаи ин самти ҳамёрӣ таъкид менамояд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи кишварҳои иштирокдор барои мусоидати судманд дар ҷараёни раёсат ва саҳми онҳо дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои Консепсияи раёсати Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Нуруллоён С.А. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.