ЗАБОН-АСОСИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ ДАВЛАТ

0 22

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Ҳамасола 5-октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта 3 марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад.

Забон танҳо воситаи гуфтор нест, балки рамзи ҳастии миллат, оинаи тафаккур ва пойдевори давлатдорӣ мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки агар фарҳангро маҷмӯи тамоми арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа донем, пас забон воситаи асосии нигоҳдорӣ, интиқол ва рушди он арзишҳо ба шумор меравад. Забон инсонҳоро бо ҳам мепайвандад ва гузаштаи таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллиро ҳифз мекунад.

Дар дунёи муосир ҳифзи забони модарӣ на танҳо рисолати олимон, балки уҳдадории ҳар шаҳрванд мебошад. Ҳамин аст, ки тайи чанд соли охир дар саросари кишвар ин рӯзро ҳамчун як рӯзи таърихӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Забони давлатӣ бошад нишонаи Истиқлолияти Миллӣ , рамзи ягонагии кишвар ва воситаи асосии муоширати расми миёни шахрвандон мебошад .

Забони тоҷикӣ имрӯз дорои меъёрҳои дақиқи имло ва услуб мебошад, ки истифодаи дурусти он масъулияти ҳар як шаҳрванди худшиносу соҳибфарҳанг аст.

Ба касе пӯшида нест, ки дар замони истиқлол забони тоҷикӣ ба

марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид.

Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бар асари назорати нокифоя аз тарафи мақоми назораткунандаи татбиқи қонун талабот ва муқаррароти он аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ҳам пурра амалӣ нагардида, дар ин самт як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки бояд ҳал карда шаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қатор бандҳои дар “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” пешбинишуда бо сабабҳои номаълум аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор то ҳанӯз амалӣ нашудаанд.

Аз ҷумла, таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, ки Вазорати фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик масъулони он мебошанд, то ҳол ба сомон нарасидааст. Ҳамчунин, зарур мешуморам, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ ба сифати омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо аҳаммияти мубрам пайдо кардааст. Ба вуҷуд овардани забони илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.

Аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омадан Пешвои миллат сиёсати забониро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд ва вобаста ба беҳ гардидани вазъи забон дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдоштаи забонӣ як қатор ибтикороти судмандро амалӣ намуданд. Пеш аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2009) таҷдиди назар гардид, ки онро метавон қонуни комилан нав арзёбӣ намуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард.

Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо — тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» — ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.

Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад. Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад. Масалан, ашъори устод Рӯдакӣ-зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем.

н.и. п., дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нурали

Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.