ЗАБОН КАЛИДИ ДАРИ ДОНИШ ВА МАЪРИФАТ АСТ

0 5

«Фаромӯш накунед, ки ҳурмати забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст».Эмомалӣ Раҳмон

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Ин сухани шоир ва маорифпарвари тоҷик Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ мебошад, ки дар ибтидои асри ХХ бо дурандешии ҳайратовар ба риштаи назм кашидааст, ки хеле бамаврид мебошад.

Забон калиди дари дониш ва маърифат аст ва дар ҳама зинаҳои инкишофи таърих метавонад ба нафъи инсон хидмат намояд. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро ибоз намояд.

Аз ҷумла дар айёми Инқилоби Октябр ҳам забони тоҷикӣ дар амри соҳибдавлат шудани мардум ва эҳёи ҷисмониву маънавии онҳо нақши бузург доштааст. Дар он шароити таърихӣ, ки барои миллати мо марҳилаи воқеан сарнавиштсоз буд, масъалаи хастиву нестии миллат ва забону фарҳанги моро ба таври сунъи ба харитаи сиёсии тақдирнамо гузошта буданд.

Корномаи таърихии устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар замони худ воқеан нақши шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷикро бозид ва беасос будани даъвоҳои бадхоҳонаи миллати тоҷикро фош намуд.

Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро ба ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони ширину гуворои тоҷик асрҳо боз садо медиҳад.

Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардон сухан гуфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёнажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо яъне забони тоҷикӣ аз ҷумла забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат» роҷеъ ба таърихи ѓаниву рангин доштани забони тоҷикӣ чунин сухан рондааст. «Имрӯз аҳли олам моро бо номи «Тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд».

Бояд қайд кард, ки забони модарии мо ташаккулу таҳаввули пурфоҷиаеро паси сар намуда аз замони устод Рӯдакӣ то ба замони Садриддин Айнӣ омада расидааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки забон калиди дари дониш ва маърифат аст. Зеро забон дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷамъият барои рушду камоли маърифату маънавиёти инсон нақши бузург бозидааст ва имрӯз ҳам аз он аҳамият бархӯрдор аст.

Забон бо ҳамин мақоми волои худ барои тамоми аъзои ҷомеа баробар хизмат менамояд ва аз ин ҷиҳат онро пояи ҳастии миллат медонанд. Сухани адиби барҷастаи Доѓистон Расул Ѓамзатов ин маъноро тақвият мебахшад: «Агар донам, ки пагоҳ забони ман аз байн меравад, дар он сурат тайёрам, ки имрӯз бимирам.»

Бояд қайд кард, ки 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид.

Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолият, миллати тоҷик ҳам соҳиби давлат ва ҳам соҳиби забони тоҷикӣ гардид ва мақоми аҷдодӣ будани худро аз даст надод. Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

Хулоса, забони модарии мо забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.

Саидова Дилафрӯз РаҳимовнаОмӯзгори кафедраи “Забон ва адабиёти тоҷикӣ”-и МДТ«Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.