Омӯзгорӣ яке аз пешқадамтарин ва муҳимтарин касбҳои инсонӣ мебошад, ки на танҳо ба таълим ва тарбияи насли нав маҳдуд аст, балки ба шаклгирии маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа низ таъсири калон мерасонад. Агар мо ба таърихи инсоният назар афканем, мебинем, ки ҳар қаҳрамони маърифат ва илм ҳамеша ба маърифатпарварӣ ва интишори дониш содиқ буд. Аз ин рӯ, омӯзгорро на танҳо ҳамчун нафаре, ки дониш меомӯзад, балки ҳамчун шахсе, ки рисолати маънавӣ ва фарҳангӣ иҷро мекунад, метавон эҳсос намуд.
Омӯзгор шахсест, ки барояш на танҳо иттилооти илмӣ муҳиманд, балки тарбия, тарз ва услуби ҳаёт, андеша ва маърифати насли нав низ дар мадди аввали рисолати онҳо қарор дорад. Маҳз омӯзгорон ҳастанд, ки тафаккури насли ҷавонро ташаккул медиҳанд, имконият медиҳанд, ки ҷавонон дарки дуруст аз зиндагӣ, маърифат ва фарҳанг пайдо кунанд. Омӯзгор ҳамчун меъмори маънавии ҷомеа амал мекунад, ки заминаи рушди илм, фарҳанг ва ҷомеаро муайян мекунад.
Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили 2025-2026 зикр намуданд: «Омӯзгорон дар замони муосир на танҳо дониш медиҳанд, балки андешаронӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносиро дар зеҳни хонандагон парвариш мекунанд. Онҳо бояд пайваста сайъ намоянд, то ҷавобгӯи талаботи замон ва тарбиятгари воқеии инсони комил бошанд.»
Маҳз омӯзгор аст, ки насли навро барои фаҳмидани мафҳумҳои баланди инсонӣ — чун адолат, меҳнат, ватандӯстӣ ва худогоҳӣ омода месозад. Ӯ заминаи илмӣ ва маънавии донишомӯзонро мегузорад ва онҳоро ба ҷаҳони муосир, ки пур аз рақобат ва навоварист, роҳнамоӣ менамояд.
Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз рақобати иттилоотӣ ва дигаргуниҳои босуръат аст, нақши омӯзгор бештар аз қабл муҳим гардидааст. Имрӯз омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки роҳнамо, тарбиятгар ва омӯзгори тафаккури танқидист. Ӯ бояд ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеаи рақамӣ бошад, бо технология ошноӣ дошта бошад ва ба шогирдон на танҳо илм, балки муҳаббат ба дониш ва маърифатро омӯзонад. Аммо, кори омӯзгор аз сатҳи дониш берунтар аст. Вай ҳамчуни мурабии бузург, сифатҳои некӯи инсонӣ – монанди ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба калонсолонро дар дили шогирдонаш парвариш медиҳад. Дарсҳои ахлоқе, ки вай бо ишора ва амал медиҳад, то умр дар хотири шогирдон нақш мебандад.
Омӯзгор ин фақат касб нест, балки мисли нурест, ки дар қалби насли оянда равшанӣ мебахшад. Мехру вафо, поки ва инсондустӣ яке аз рукнҳои асосии фаъолияти омӯзгор мебошад. Таълим ва тарбия ду қутби мукобили равонӣ ва маънавӣ мебошанд, ки дар маркази онҳо шахсияти муаллим қарор дорад. Муаллим бо меҳру вафо ба кӯдакону чавонон дониш мебахшад, ҷахонбинӣ ва ахлоқи дурустро меомӯзанд, ва пайваста кӯшиши мекунад, ки насли наврасро ба инсони комил ва масъул тарбия кунад.
Воқеан омӯзгор бо меҳру вафо мисли чашмаи беохир аст, он оби маънавӣ мерезад ва бо ҳар қатрааш қалбҳоеро тарбия мекунад, ки дар оянда ҷомеаро равшан мегардонанд. Ҳар гоҳе, ки шогирд ба муаллим муроҷиат мекунад, ӯ на танҳо дониш медиҳад, балки тавассути меҳр ва вафо дастгирӣ ва ҳидоят мебинад. Омӯзгор ояндасоз аст. Ҳар ҳарфе, ки ӯ мегуяд, ҳар амал ва рафтор, ки нишон медиҳад, дар шаклгирии шахсияти наврас таъсир мерасонад. Ҷаҳони имрӯз бо тамоюли пуршиддат ва тағирёбанда рӯ ба рӯ аст ва вазифаи муаллим на танҳо омӯзонидани фаннҳои гуногун, балки тарбия ва равоншииносии шахсият низ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Омӯзгор мисли шамъест, ки худ месӯзад ва дигаронро рушноӣ мебахшад»