Ян Амос Каменски, яке аз маъруфтарин олимони соҳаи педагогика, ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои баланд дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Бузургони роҳи маънӣ омӯзгорро меъмори тафаккури инсон ва оинаи рӯзгори халқ мегӯянд, оинае, ки инсон ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳои худро бартараф мекунад. Яъне, омӯзгор шахсест ҳамчун намуна барои ибрат, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрат аст.
Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Омӯзгорон ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсониянд. Омӯзгорон ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд. Ва омӯзгорон хостгори муваффақии ҳар як инсон дар роҳи илму донишанд. Онҳоянд, ки имрӯз мо якояк аз илму дониш бархӯрдорему ҳама баҳри ҳаёти маърифатнок доштан, саъю талош намуда истодаем.
Рисолати бузургтарини омӯзгор дар он аст, ки инсонро тарбия мекунад, ба камол мерасонад, соҳиби илму маърифат мегардонад. Омӯзгор аз самими қалб ба шогирдонаш дарси одаму одамгариро меомӯзонад ва дар радифи ин ӯ ба шогирдонаш яке аз беҳтарин неъматҳои дунёро, ки сабабгори хушбахтиву сарбаландӣ ва саодатмандиву сарсабзиаш мегардад, илму адабро ҳадя менамояд. Омӯзгор бояд бо амалҳои накӯяш, бо дониши баландаш шогирдон ва аҳли ҷомеаро бовар кунонда тавонад, ки ободии Ватан ва зиндагии шоистаи халқ аз бомаърифатӣ ба шумор меравад. Муаллим ба суханони ҷозибадораш бояд ба шогирдони худ ҳушдор намояд, ки кибру ғурур, танпарастӣ, худкомӣ, ноҳаққӣ, нафси амора оқибат одамро шармсор ва беобрӯ мегардонад.
Рушди маорифи кишвар собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид. Вале дар баробари ин, ҷомеа имрӯз аз мову шумо фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Ҳалли ин масъалаҳо ба сатҳи масъулиятшиносӣ, савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии олимону омӯзгорон, аҳли зиё иртиботи мустақим дорад. Аз ин рў, барои ҳамқадами замон будан зарур аст, ки масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгориамонро баланд бардорем.
Воқеан, меҳнату заҳмати омӯзгорон аст, ки имрӯз ҳар яке хондану навиштанро баладему бо ифтихору сарфарозӣ равонаи роҳе ҳастем. Талошу кӯшиши онҳост, ки имрӯз касбу ҳунарҳои гуногунро омӯхтаву дар ҷодаҳои хеш комёбу муваффақем. Фаъолияти содиқонаву софдилонаи онҳост, ки имрӯз аз беҳтарин неъмат- дониш бархӯрдорему роҳи хубу орӣ аз ҳама гуна амалҳои зиштро аз роҳи нохуб фарқ месозем. Фидокории онҳо дар роҳи таълиму тарбия аст, ки имрӯз аҳли башар соҳибдониш асту дар ҳар кору пайкоре аз донишу хиради солим истифода мебаранд. Муҳаббати илмомӯзии онҳост, ки имрӯз дар қалби ҳар яки мо меҳри дониш ва илму маърифат ҷойгир асту бо самимият пайи илмомӯзием. Ва дар ниҳоят онҳоянд, ки бо гуфтору рафтор ва кирдори баланди инсонӣ барои ҳар яки мо намунаанд.
Одамӣ ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Вазифаи ӯ аст, ки бояд аз гаҳвора то гӯр илм биёмӯзад. Ва он чӣ омӯхтаасту андӯхтааст, бар дигарон биёмӯзаду бибахшад.
Сарзамине, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ обод нахоҳад гардид ва ҳам танҳо бехирадон метавонанд умед бибанданд, ки он ба ногоҳ рӯзе сарсабз хоҳад шуд, дар ҳоле ки ҳеҷ борони лутф бар он намерезад ва абр аз ӯ ба ҳазор фарсах мегурезад.
Чи бадбахт аст мардуми диёре, ки омӯзгорашро намешиносад ва ӯро гиромӣ намедорад. Мусаллам аст, ҷомеае, ки сипосу сипосгузориро фаромӯш кардаву намедонад, ҳеҷ гоҳ рушд намеёбад ва ба саодату баракат рӯ ба рӯ намегардад. Ва ба мардуме, ки бар рӯи омӯзгор меситезад, дӯзах ҳам танаффур менамояд ва бар он лаънат мехонад.
Бе шак Саъдии бузург дуруст фармудааст, ки ҳаққи устод, омӯзгор муаллим аз ҳаққи падар бештар асту аз он пештар, зеро агар падар моро аз ҳаёт баҳра диҳаду моро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намояд, пас омӯзгор моро аз наҷот баҳра медиҳад. Аз наҷот баҳра додани омӯзгор ба он маъност, ки он бо хирад ва донишу заковати хеш моро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз мушкилиҳои ҳаёту зиндагӣ моро наҷот медиҳад.