Устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷику форс аз он сарчашма гирифт. Баъд аз даргузашти Рӯдакӣ бисёр шоирони тоҷику форс ба эҷодиёти Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд, зеро забони соддаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд.
Рӯдакӣ маъниҳои оламгирро бо забони фасеҳу шево ба инсон пешниҳод мекунад, аз ин лиҳоз, арзишҳои волои каломи Рӯдакӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ба масъалаи тарғиби некӣ ва накӯкорӣ таваҷҷуҳи алоҳида нишон додааст.
Ба андешаи Рӯдакӣ инсон бояд дар ҳама кор ва зиндагии худаш ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, яъне дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Рӯдакӣ оид ба мафҳумҳои дӯсту дӯстӣ сухан намуда, шодии ҷаҳонро бартар аз дидори дӯст мебинад, дӯстиро аз ҳама чиз афзал ва бо дӯст ҳамдамию ҳампешагиро наҷибтарин кор меҳисобад.
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои устод Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд.