Бахт механдад ба истиқболи мо,
Мешукуфад ғунчаи иқболи мо.
Меҳр миллатро ба ваҳдат оварад,
Ҳифз созад ваҳдат истиқлоли мо.
( Сафар Аюбзодаи Маҳзун )
Дар мавзӯи ваҳдат ва сулҳи тоҷикон дар дохили кишварамон ва берун аз он андешаҳои шоиста гуфта мешаванд. Мутаасифона, ҳанӯз бисёре аз ҷавонони мо ин арзишҳои олии инсонро ба таври бояду шояд дарк накардаанд. Мо бояд ин ҳақиқатро дарк намоем, ки яке аз рукнҳои арзишманди пойдориву устувории давлати имрӯзаамон ваҳдат аст. Аз таърих медонем, ки мо тоҷикон ин дастоварди бузургро ба осонӣ ба даст наовардаем.
Масъалаҳои ҳифзи асолат ва ваҳдати миллӣ, маданияти миллӣ, фарҳанги миллӣ, ки нишонаҳои давлатдории мо-тоҷикон аст, ҳамеша дар сархати андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз қазовати Пешвои миллат бармеояд, ки мо бояд ваҳдати миллиро, ки миллати тоҷикро аз парешонии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ раҳо бахшид, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Мо, насли ҷавон, худро бо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳмондӯстӣ, расидан ба қадри ваҳдати миллӣ ва эҳтироми валоияти қонуну пайрави Пешвои миллат будан бояд талқин намоем, то тавонем дар оянда ҳамчун фарзандони сазовор ва шоистаи миллати тоҷик Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоем. Аз ин рӯ, мо гуфта метавонем, ки Ваҳдати милли ҳамчун як фарҳанги зиндагии мардум мебошад.
Сиёвуш Сафаров
мудири кафедраи “Фармакология”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”