ВАҲДАТ РОҲИ НАҶОТЕСТ АЗ МУХОЛИФАТУ НИЗОЪ

0 0

Аз рӯзи таърихии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бисту ҳашт сол гузашт.

Ва инак бисту ҳашт сол мешавад, ки мардуми мо дар асоси Фармони Президенти мамлакат 27-уми июнро ҳамчун Рӯзи ваҳдат ид мекунад.

Рӯзи ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рӯзи пурсаодат ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидаем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.

Баъди мухолифати мусаллаҳона, ки ба таърихи чандинҳазорсолаи халқи мо ҳамчун давраи бисёр фоҷиабор дохил гардид, рӯзи сулҳу оштӣ ва пирӯзии хиради миллати солори тоҷик фаро расид.

Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил карданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд. Бо имзои ин санади таърихӣ мо дар кишвари худ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобудӣ наҷот додем.

Зеро тавре 27-уми июни соли 1997 дар маросими имзои Созишнома дар ҳузури намояндагони баландмақоми як қатор кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ изҳор карда будам, таҷрибаи талхи мо собит намуд, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо бо роҳи осоишта, яъне музокира расидан имкон дорад.

Ҳанӯз чанд сол пеш аз имзои Созишнома, дар рӯзҳои нахустини фаъолияти худ Пешвои муаззами миллат ҳамчун Роҳбари давлат дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ эълон дошта буд, ки мусолиҳа ва ваҳдати миллӣ роҳи ягонаи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст.

Чи рӯзҳои пурдаҳшатеро пушти сар кард миллати тоҷик. Мардумон садоҳои тирро ҳам шунид марги одамон, ҳаммиллатонамонро низ бо чашми сар диданд.

Ҳеҷ бовар набуд, ки рӯзе ҷанг поён меёбад ва сулҳу ваҳдат ҳукмрон мешавад. Дар оғоз ба назар мерасид, ки баъзе аз масъулон саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанду дар андешаи хомӯш кардани ҷанганд. Аслан, ба ин оташ рӯған мерехтанд ва мехостанд, ба ин васила, мавқеъву обрӯ биёбанду соҳиби ҷоҳу мол бигарданд.

Замоне ҳам, ки вакили мардумӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ ё худ Сардори давлат интихоб гардиду гуфт, ки ман сулҳ меорам, аксари мардум тааҷҷуб карданд ва бо шубҳа ба ӯ нигаристанд. Ин сухан, ин ваъда дар он рӯзгор баробари фатҳи нуқтаи баландтарини кайҳон буд. Охир то пеш аз ӯ масъулони таҷрибадор ин суханро нагуфтанд, ин ваъдаро надоданд. Чӣ гуна метавонад, як ҷавони 40-сола сулҳ биёрад? Ин боз дар сурате буд, ки ҷанги дохилӣ шиддат меёфт, шумораи гурезагон рӯз ба рӯз меафзуд, гушнагӣ таҳдиди бештар менамуд. Давлат ҳам на пул дошту на захираи ғизоӣ. Замон собит сохт, ки дар ин даврон ҷасорат, сарсупурдагӣ, муҳаббати Сарвари тозаинтихобро намедонистанд, намешинохтанд.

Падидаи аз ҳама хатарнок дар он рӯзҳо ин буд, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои мамлакат зери пой шуда, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Ба назар чунин мерасид, ки роҳи ягонаи пешгирии ин офат фишору зӯрӣ аст. Вале мо бо ин роҳ нарафтем. Зеро ба хубӣ дарк намудем, ки оқибати он нестии миллат аст. Бинобар ин, ҳанӯз дар рафти Иҷлосияи таърихии шонздаҳум кӯшишҳои зиёде ба харҷ додем, ки тарафҳои даргирро сари мизи гуфтушунид шинонем.

Имрӯз бо камоли ифтихор ба миллати хирадманди тоҷик баён карда мешавад, ки аҳли ҷомеаи кишвар даъвати Ҳукумати Конститутсиониро ба сулҳу оштӣ хуб дарк кард, хуш пазируфт ва бо гармӣ ҷонибдорӣ намуд.

Яъне таъмини сулҳу субот пеш аз ҳама хизмати худи халқи тоҷик аст. Воқеан қаҳрамониҳо бемислу монанди Пешвои муаззами миллат буд ва аз ин хотир ӯ дар назди халқи баору номуси худ ваъдаи ман ба Шумо сулҳ меорамро дода ба ваъдааш вафо кард. Зеро фақат дастгирии халқ эътимоди Пешвои миллатро ба дурустии роҳи пешгирифташ қавӣ месохт ва умеди ӯро ба оқибати неку фарҷоми осоиштаи оварда расонд.

Маҳз мардуми табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик буд, ки дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болотар донист.

Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбуди меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».

Он даарахте , ки Президентамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрӯзхо мевахои ширину бисёре ба самар оарда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричӣ кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа — Кулоб сохмони шохрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯи укёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист , ваҳдату сулҳ падидор аст.

Инсоният садҳо ҷанги дохилии кишварҳо ва сарзаминҳоро ёд дорад, ки бо оқибатҳои бисёр даҳшатноку вазнин анҷом ёфтаанд. Зеро тарафҳои даргир проблемаҳои худро маъмулан бо роҳи зӯрӣ ва истифодаи силоҳ ҳал мекарданд. Бо назардошти ин омил, мо дар он айёми тақдирсоз дарк кардем, ки идомаи ҷанг ва муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ва нобудии генофонди миллати тоҷик гардад.

Дар он рӯзҳои сахт таҷрибаи талхи давлати Сомониён ҳамвора пеши назар меомад. Он давра душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд. Дар натиҷа, давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон рӯ ба шикаст овард.

Бар асари фитнаҳое, ки душманони миллати мо дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд ва ин дафъа ҳам тавонистанд, ки оташи ҷанги таҳмилиро дар сарзамини мо барафрӯзанд, халқамон аз бисёр чизҳо маҳрум монд. Яъне дар даврае, ки мардуми мо бо мухолифати мусаллаҳона саргардон буд, тақсими мероси давлати абарқудрати шӯравӣ идома дошт ва мо натавонистем, ки ҳиссаи қонунии худро соҳиб шавем.

Илова бар ин, кашондану аз қаламрави Тоҷикистон берун бурдани захираҳо ва воситаҳои моддию техникие, ки доштем, ҳамчунин аз касофати ҷанги таҳмилӣ буд.

Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат ҷангу зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа рад намуда, роҳи осоиштаи музокирот ва гуфтушунидро барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне наҷоти миллат пеш гирифт. Зеро роҳи осоиштаи ҳалли мухолифату низоъ алтернатива надошт.

Роҳи сулҳ барои миллати тоҷик роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо модели тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокирот ба хотири сулҳу салоҳ гузаштҳо мекард, гаштаю баргашта сари мизи музокирот менишаст, фазои боварию эътимодро фароҳам оварда, сабру таҳаммул ва эҳтироми ҳарифи сиёсиро меомӯхт.

Шовалиева Қурбонби Раҷабалиевна

мудири кафедраи “Биология”-и МДТ “Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.