ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ 0 4 Мубодила кардан Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали 1993 бо қарори Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати Конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис ёфтааст. Артиши миллии Тоҷикистон ҷамъи қувваҳои мусаллаҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади ҳимояи кишвар ташкил карда шудааст. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият дар шароити вазнини сиёси таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият тинҷию оромӣ ва дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон безарар гардонидани гӯруҳхои ифротгарои ва ҷиноятҳои хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта истодаем. Таи 32 соли фаъолияти Артиши милллӣ рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низоми мӯҳофизати сулҳу суббот ва оромию осудагии кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани маҳбубамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст. Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиҳати ба мактаби воқеъи омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳаммаи захираҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рӯшди давлатдории милли фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ то афсарӣ олии рутба вобаста мебошад. Илова бар ин ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбӣ Қувваҳои мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо бо савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Мо ҷавонон, ки ояндасози ин миллати пурѓановат ва ин диёри биҳиштосоем талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ, саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад. Омӯзгори кафедраи фанҳои Аламхонова С.Ҷ «Гуманитарӣ» 0 4 Мубодила кардан