ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ МАҚОМ ВА МАНЗАЛАТИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕЪА

0 8

Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.

                                                  Эмомалӣ Раҳмон

Сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳалаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани  ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил, ёфтаву равиши тоза гирифта истодааст.

 Барои ҳамин дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба ин масъала, махсусан нақши занону бонувон дар пешрафти ҷаҳони муосир диққати вижа дода шуда, саҳми назарраси онҳо дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври махсус таъкид ёфтааст. “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ — таъкид намуданд Пешвои миллат,- мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”. Ин аст, ки имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди кишвари азизи худ дар ҳамаи соҳаҳо, махсусан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

 Аз ҷумла дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ки «Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Дар Паём қайд гардид, ки аз «1-уми июли соли 2025 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи ичтимоӣ ва бучетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд».          Пешвои миллат дар самти тандурустӣ чунин закр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар низоми давлатдории миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми сокинони мамлакат гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.

 Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки дар Паём зикр гардид, ин самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

 Возеҳ аст, ки маориф ва илм ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст.Зеро ки роҳи наҷот аз буҳрони фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оварад, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ дорад.

Сарвари кишвар зимни суханронӣ борҳо ба масъалаи рушди соҳаи маориф дахл намуда, бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд. Ба андешаи сарвари кишвар, ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.       Аз ин рӯ, соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои танзими муттасилони раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати ба амал баровардани ислоҳоти соҳаи маорифро пеш гирифт, ки ин ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониши хонандагон, тайёр намудани мутахассисони баладихтисос дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бунёди таҳкурсии мустаҳками маориф дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

 Албатта, мақсад аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Роҳбари кишвар ба соҳаи маориф, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Ҳамон тавре ки дар Паём зикр гардид, пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан ба сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии зиёд дорад. Дар олами муосир татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ва сазовор гардидан ба зиндагии шоиста ба рушди бомароми соҳаи маориф тавъам мебошад.        Дар маҷмуъ, Паём дастурамали зиндагии шаҳрвандон, барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.Аз ин рӯ, дар оғози он аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян гардидааст: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».

Бузургии Пешвои миллат, хиради волои созанда ва ғамхор ба тақдири неки имрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст. Ба назар мерасад, ки вобаста ба чунин талабот нисбат ба муҳтавои васоити таълимӣ — китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, олӣ ва мавзӯъҳои таҳқиқоти муассисаҳои илмиву таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои гуманитарии Академияи илмҳо аз нигоҳи танқидӣ муносибат кунем. Серталаб бошем. Онҳоро ба талаботи сохти конститутсионӣ — давлати миллӣ, тавъам бо таҷриба ва арзишҳои созандаи дунёи мутамаддин мувофиқ гардонем. Саҳлангорӣ ва муносибати духӯра дар ин маврид ба фоидаи суботи ҷомеа нест ва нахоҳад буд.

Ҳар як Паём ба инъикоси вазифа ва ҳадафҳои дар боло зикршуда равона мегарданд. Новобаста аз ин, дар Паёми ниҳоӣ якчанд хусусиятҳои хос мавҷуданд, ки дар Паёмҳои пешин ба назар намерасиданд.

         Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.                                                            Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.                                                                 Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

 Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

 Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

 Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

 Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.

 Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.      Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.

 Дар Паём сарвари давлат оид ба рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ таъкид намуданд.

 Ба қавли Пешвои миллат «Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».      Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

 Дар охир қайд кардан зарур аст, ки дар Паёми имсолаиПешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба Мачлиси Олии кишвар ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми кишвар бо самимият истиқбол гардид.

Абдураҳмонова Г.Н.

Раиси Шӯрои занон ва духтарони МДТ “Коллеҷи тиббии” шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз

 

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.