Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таърихи таъсисёбии ҳизб ва нақши он дар барқарорсозии давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ, анҷом бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва рушду нумӯи кишвар суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии мардуми заҳматкаши кишвар мебошад. Мақсадҳои барномавии ҲХДТ, ки зери шиори барои зиндагии шоистаи мардум равона карда шуда буд то имрӯз амалан иҷрои худро ёфтаанд. Аз ҷумла чаҳор мақсадҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар самаранок иҷро карда шуда истодаанд. Президенти кишвар, роҳбари муаззами ҲХДТ қайд намуданд, ки барои боз ҳам рушд намудани кишвар ҳамаи мо роҳбарони идораву ташкилотҳо бояд одилона меҳнат кунем ва заҳмат кашем. Пешвои миллат қайд намуданд, ки яке аз мақсадҳои барномавии ҲХДТ ин диққати ҷиддӣ додан ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ мебошад. Тули солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаҳои мазкур хеле хароб шуда буданд. Вале бо заҳмату талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ то имрӯз садҳо муассисаҳои соҳаҳои тандурустиву маориф сохта ба истифода дода шуда муосиртарин технологияҳо ба кишвар ворид гаштаанд. Натиҷаи ин аст, ки сатҳи некӯаҳволӣ, дониш ва солмии аҳолӣ нисбати солҳои баъдиҷангӣ хеле боло рафтааст.
Маҳз натиҷаи сиёсати одилона ва халқпарваронаи ҲХДТ буд, ки тули фаъолияташ он соҳиби обурӯйи хосса миёни мардуми кишвар гашт ва шумораи аъзоёни он сол аз сол хеле боло рафтааст.
Дар сиёсати худ ҲХДТ нақши ҷавонон ва занонро дар рушду нумӯи кишвар хеле муҳим арзёбӣ намуда, барои ҷалби бештари ҷавонон ва занон ба сиёсат, вазифаҳои роҳбарикунанда ва муҳайё намудани тамоми шароитҳо барои таҳсил, фаъолияти корӣ, пешбурди корҳои илмӣ ва ғ. корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Бо як илҳому дилхушӣ ва боварии комил ба рушду нумӯи ояндаи кишвар вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бои дигар Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамчунин дар анҷумани мазкур Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.