КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОНИ МОДАРИАМ – ИФТИХОРАМ»

0 3

      Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот даровард ва рӯзи 5 – октябр – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.10.2009с № 699) эълон шуд. Ҳар сол ба ин манзур дар сатҳи баланд дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи забони давлатӣ» бо иштироки васеи олимону донишмандон таҷлил карда мешавад.

        Рӯзи 3- юми октябри  соли равон дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо ибтикори кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» конференсияи илмӣ — адабӣ  таҳти унвони «Забони модариам — ифтихорам» ташкилу баргузор карда шуд. Чорабиниро бо сухани муқадимавӣ мудири кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» Валиева Ҳусниябону оғоз намуда, доир ба  мақсади ташкили конференсия ва моҳияти забони модарӣ сухан гуфт. Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода С.Г. иштирок ва баромад намуд. Зимни суханронӣ ӯ иброз намуд, ки имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ мақом ва манзалати хешро соҳиб гардидааст. Забони тоҷикӣ забонест, ки дар тамоми дунё онро ба воситаи бузургоне, ки бо истифода аз он асарҳои оламшумул эҷод намудаанд мешиносанд, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, С.Айнӣ ва ғ. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, забони давлатии он забони тоҷикӣ эълон шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақозо менамояд, ки тамоми ҳуҷҷатгузорӣ дар мамлакат бояд бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ карда шавад. Истифодаи дигар забонҳо низ тибқи тартиботи амалкунанда истифода бурда мешаванд. Ин ба он водор менамояд, ки ҳар як шахс ё идораву муассиса вазифадор аст, ки забони тоҷикӣ ва қоидаҳои имлои онро хуб донад ва дар ҳуҷҷатгузорӣ аз он истифода намояд.

         Дар конфронс омӯзгорони кафедра, Комилова Ш.Т дар мавзуӣ «Рушду нумӯи забони давлатӣ дар замони истиқлолият», Гулбаҳори Соҳибназар дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ дар масири таърих», Салимзода Ҷумахон доир ба мавзӯи “Зебогии забони модарӣ” ва донишҷӯён доир ба мавзӯъҳои вобаста ба забони давлатӣ маърӯза карданд.

           Лозим ба тазаккур аст, ки забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи афкори инсон забон аст. Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ва ба он  ҳамеша арҷ мегузорад.

        Мудири кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик Валиева Ҳусниябону.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.