САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

0 3

Олимону донишмандони  сатҳи  ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар  таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони  модарии мо, яъне  забони тоҷикӣ аз ҷумлаи  забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом  дода шудаанд.

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ»-ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид

Дар мулоқоти Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, олимон ва муҳаққиқон, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид,

Пешвои миллат оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар замони Истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забонии тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рушди забони давлатӣ иборат буданд.

Имрӯз новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажӯҳиши масъалаҳои муҳими забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият зери таъсири вазъияти нави ҷаҳонӣ барои таҳқиқи таърихи забон аз диди нав, аз нав эҳё намудани суннатҳои бостонии ҷомеа, истифодаи таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ ва забоншиносони ватанӣ шароити мусоид муҳайё гардид. Доир ба таърихи забон асарҳои зиёде таҳия шуданд. Соли 2019 ҳангоми мулоқот ба истиқболи даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сарвари давлат масъалаҳои риояи меъёрҳои таърихии забони адабӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, танзими истилоҳот ва як силсила масъалаҳои мубрами забони тоҷикиро хотирнишон кард.

Аз ҷумла, барои густариши забони тоҷикӣ дар ояндаи кишвар асару мақолаҳои Пешвои миллат аҳаммияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асарҳои ӯ, ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2006, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» инъикоси худро ёфтаанд. Китоби дигари арзишманди Пешвои миллат, ки бевосита ба масъалаи забони давлатӣ тааллуқ дорад, ин китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дуюм 2018, ҷилди дуюм 2020) маҳсуб мешавад. Ин китоб дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.

Саҳми дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории забони давлатӣ ба назар мерасад. Бори аввал дар сатҳи қонунгузорӣ 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд. Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.

Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009, №553 ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Дигар иқдомоти наҷиби Ҳукумати мамлакат дар самти сиёсати давлатӣ вобаста ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули барномаҳои давлатӣ ба шумор меравад. Қаблан ҳам дар ин хусус «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» аз 30.06.2012, №335 қабул гардида буд, ки дар худ шаш самти афзалиятноки пешбурди забони давлатиро фаро мегирифт. Бо мақсади такмил додани он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647 қабул гардид, ки аз 8 боб ва 24 қисм иборат мебошад.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояш таҳкид дошт, ки :

Забони тоҷикӣ дар таълифоти  илмӣ  собиқаи  беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин  донишмандони мо Абуалӣ  ибни Сино бо таълифи  «Донишномаи алоӣ» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи  «Китоб- ут — тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» бунёдгузорони  забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи  ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони  маъруф Насируддини  Тўсӣ, Умари Хайём ва то  Аҳмади Дониш идома  пайдо кард

Албатта таҳия ва қабул гардидани чунин барномаҳои муҳим аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва саҳми он дар қонунгузории забони давлатӣ гувоҳӣ дода, исботи худро дар он меёбад, ки ҳанӯз дар суханронии хеш ба муносибати рӯзи забони давлатӣ (октябри соли 2019) дастур доданд, ки Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»-ро таҳия намоянд ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.

Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ мақоми забони илмро соҳиб шуда, дар доираи меъёрҳои он рисола ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, корҳои илмии муҳаққиқон бо риояи қоидаҳои имло ва сабку баёни илмӣ омода ва интишор мешаванд. Дар таҳқиқотҳои илмӣ забонҳои дигар низ истифода мегарданд. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ бо забони давлатӣ мусоидат мекунад.

Забони тоҷикӣ имрўз  дар мақоми  расмиву давлатии  худ на  фақат дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки  дар робитаҳои хориҷиву байналмилалии мо низ  васеъ  истифода мегардад.

Дар фарҷоми сухан мехостам боз ақидаи одилонаю ва қалби ватандустонаи Пешвои миллатро ки рўи забони хеш ба гуши ҳама шунавонидааст ба саҳми Шумо ҳозири гиромӣ расонида бошам.

Қарзи фарзандӣ ва рисолати  инсонии  мост, ки забони модариамон, яъне  ин забони ширину шоиронаро баробари  модари худ азиз шуморем, дўст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати  онро бо  аллаи гўшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли  гаронбаҳотарин сарвати умрамон  ҳамеша гиромӣ дорем.

Ман фахри забони модарӣ хоҳам кард,

Бо форсӣ, тоҷикӣ сарӣ ҳоҳам кард.

Дар ҳашр агар ба сад забонам пурсанд,

Бо он ҳама посух ба дарӣ хоҳам.

Беҳтар зи забони тоҷикӣ  нест забон,

Хуштар зи баёни тоҷикӣ нест баён.

Шевову фиребову мусаффо чун ў

Ҳаргиз набувад забони дигар ба ҷаҳон.

Таърихи ватан забони миллат бошад,

Мероси  ниё ҷаҳони  миллат бошад.

Тафриқаи ину он  агар  мушкил шуд,

Бешубҳа,  забон  нишони  миллат башад.

 

 

 

Муаллимаи калони кафедраи “ Забон ва адабиёти тоҷик” Ситамова Муаззама

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.