МАҚОМ ВА РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР ДАР ҶОМЕА

0 3

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.

Ба таъкиди бештари равшанфикрон дар соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани фарзандон дар баробари волидайн омӯзгорон ҳам вазифадоранд. Ва хеле хуб аст, ки имрӯз омӯзгорон ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодаанд.

Дар ин маврид низ Пешвои миллат дар ҷое иброз дошта: “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад.Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.

Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи рост ин, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд.

Нақши омӯзгор дар таълиму тарбия насли ҳозира, гузашта ва дигар самтҳои гуногун фаъолият кунандаи ҷомеа суханҳо гуфтаанду мегӯянд ва дар оянда низ хоҳанд гуфт. Зеро танҳо ҳамин нафаронанд, ки одамӣ аз ҷаҳлу нодонӣ раҳида, хубиро аз бадӣ, ростиро аз дурӯғ ва сафедро аз сиёҳ фарқ месозаду ҳаёти худро баҳри наздиконаш муҳайё месозад. Омӯзгор рӯзу шаб роҳу усулҳои ба шогирдонаш тарбияи дуруст доданро меандешад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани беҳтарин шароит барои таълиму тарбия, инчунин қадршиносию арҷгузорӣ аз заҳматҳои фидокоронаи аҳли маориф дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаву ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Чуноне, ки дар суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи дониш омадааст: “Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид.

Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.

Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.

Бе шак Саъдии бузург дуруст фармудааст, ки ҳаққи устод, омӯзгор муаллим аз ҳаққи падар бештар асту аз он пештар, зеро агар падар моро аз ҳаёт баҳра диҳаду моро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намояд, пас омӯзгор моро аз наҷот баҳра медиҳад. Аз наҷот баҳра додани омӯзгор ба он маъност, ки он бо хирад ва донишу заковати хеш моро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз мушкилиҳои ҳаёту зиндагӣ моро наҷот медиҳад.

Омӯзгор ба шогирд чун манбаъи ҳамаи хушбахтиҳо, комёбиҳо, муваффақиятҳо ва сарфарозиҳо буда, ба зиндагии шоиста ноил шудани он нақши аввалиндараҷа мегузорад. Натиҷаи кори омӯзгор ба зиндагӣ нуру сафо бахшида, касро ба зиндагӣ дилгарм мекунад.

Бешубҳа, агар аксари донишмандон ва мутафаккирони олам мактабро барои халқ аз ҳама муҳим шинохта бошанд, пас муаллим дар ҳаёти маънавии халқу давлат ҷойгоҳи сониро ба худ ихтисос медиҳад, ки ҳақ аст. Сарлашкар Искандари Мақдунӣ бесабаб намегӯяд, ки «ман дар назди устодам камтар аз падарам вазифадор нестам, зеро агар падар ба ман ҳаёт бахшида бошад, Арасту зиндагии хуби маро фароҳам сохт».

Ба ақидаи Рӯдакӣ ҳама чизи зарурро инсон маҳз аз ҳаёт меомўзад. Он чизе, ки шахс аз ҳаёт наомўхтааст, ба ў ягон муаллим омўзонида наметавонад. Ҳамин тавр, мутафаккир ҳаётро муаллим ва сарчашмаи тарбияи инсон шуморидааст.

Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,

Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.

Хушбахт онест, ки сазовори номи пуршарафи омӯзгор гардад. Омӯзгор касби хеле пуршараф аст, аммо заҳматталаб мебошад. Омӯзгоре, ки ҳамеша ҷидду ҷаҳд мекунад, дар ӯ эҷодкорӣ асар мекунад. Ва ӯ сазовори номи пуршарафи омузгорӣ мегардад.

То имрӯз қаламе ихтироъ нашудааст, ки бузургии омӯзгорро рӯи қоғаз биёрад, рассоме ба дунё наомадааст, ки симои ҳақиқии омӯзгорро тасвир намояд. Аммо ба қадри кофӣ дар ҳар давру замон бузургон кӯшиш намуданд, ки ба андозае ҳам бошад омӯзгорро васф намоянд. Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорро дар меҳвари марказии ҷомеа қарор дода, иброз карданд, ки «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад». Ба ақидаи К.Д. Ушинский «Муаллим, то даме, ки зинда аст, мехонад.

Ногуфта намонем, ки омӯзгорӣ кори ҳар нафар нест ва на ҳар шахс аз ӯҳдаи ин рисолати пурифтихор сарабаландона мебарояд. Чун барои иҷрои дурусту босифати ин рисолати омӯзгорӣ заҳмату ҷонфидоиҳои зиёд тақозо карда мешавад. Аз худи омӯзгор вобаста аст, ки то кадом андоза дар ин роҳ ҷидду ҷаҳд нишон дода, бо сабру таҳаммул машаққатҳоро паси сар менамояд. Зеро омӯзгори ҳақиқӣ боқӣ мондан, бардошту заҳматҳои зиёдро талаб менамояд. Омӯзгорон ҳамчун субъектони раванди таълим метавонанд дар самти омода кардани кадрҳои баландихтиос ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии кишвар саҳми муносиби худро гузошта, дар саҳифаҳои рангини зиндагии хеш хотироти некро ҷовидона боқӣ гузоранд.

Дар вокеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд.

Имрӯзҳо, ки халқи тоҷик соҳиби истиқлол шудаасту сарбаландона бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи худро месозад, нақши устодону омӯзгорон боз ҳам баландтар мешавад ва талабот низ аз онҳо дучанд мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Парлумони кишвар ироа гардид, ин вазифаю мақом ва афкоре, ки дар боло гуфтем, чӣ гуна дарҷ шудааст ва бо иқтибоси он як дафъаи дигар мегӯем, ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки овардаанд:

“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Хулоса, дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст омӯзгор нақши муассир дорад ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли зеҳнӣ муаллим ва хазинаи маънавию илмии башарият маҳсуб меёбад.

Малоҳати ҚурбонРаиси иттифоқи касабаи донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.