ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

0 12

    Ҷавонон дар тамоми давру замонҳо қувваи асосии пешбарандаи ҳар як миллату давлат ба ҳисоб мераванд. Пойдорӣ ва ояндаи ҳар миллатро ҷавонон бар дӯш доранд, ҳамчун қувваи бузург дар маркази ҳар гуна тағйироту таҳаввулот ва падидаҳои ҷамъиятӣ  саҳмгузоранд

 

    Тибқи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар кишвар 2 миллиону 933 ҳазор нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин 29 фоизи аҳолиро дар бар мегирад. Аз ин шумора 1 миллиону 454,5 ҳазор нафарро духтарон ва 1 миллиону 474,2 нафарро писарон ташкил медиҳанд.

     Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз соли 2004, ҷавонон гуфта, ҳамон қишре дар назар дошта мешавад, ки аз 14 то 30 — сола ҳастанд.

     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ки ҳамасола дар ин рӯз ҳазорон ҷавони тоҷик бо хушнудӣ аз он истиқбол мекунанд. Асосгузори ин ҳама хушҳолии ҷавонон дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат дар рӯзи эълони сана, яъне соли 1997 бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон “Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон”-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

   Қабули барномаи ишорашуда ва амалӣ намудани он бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафту шукуфоии мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар гардонид.

  Бояд гуфт, ки ҷавонони мо имрӯз соҳибкасбанду донишманд, бомаърифатанду бофарҳанг ва нуктасанҷанду зирак, ки дар соҳаҳои   гуногуни ҷомеа, аз ҷумла,  дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда доранд.

    Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷмуҳруии Тоҷикистон бо талошу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос мешавад. Сарвари давлат дар тамоми паёмҳо ва суханрониҳояшон аз нақши боризи ҷавонони кишвар гуфта, бо ифтихор аз дастовардҳои онҳо дар тамоми самтҳо ёдовар мешаванд.

     Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат гуфта буданд: “Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд”

    Воқеан ҳам, имрӯз ҷавонон ба ҳайси нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа дар меҳвари асосии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳими Ҳукумати мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.

     Аз ҷумла, Сарвари давлат аз ғамхорӣ нисбати ҷавонон чунин гуфта буданд: “Ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди тамоми душвориҳо, кӯшиш дорад, ки нисбат ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намояд, барои таҳсил ва кору зиндагии онҳо шароити мусоид ба вуҷуд орад. Зеро ояндаи неку обод, обрӯю нуфузи кишвару давлат ба шумо, ҷавонон, сахт вобаста аст”.

   Беҳуда нест, ки имрӯзҳо ҷавонони мо дар самтҳои фанновариҳои навин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, бо дастовардҳои бузурги ҷаҳонӣ ба ватан бармегарданд. Сол аз сол шумораи чунин ҷавонон афзоиш меёбад, ки ин ифтихори миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои халқи тоҷик аст.

      Дар баробари иштирок дар дохили кишвар ҷавонон дар курсҳои бозомӯзӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, мактабҳои олимони ҷавон, рӯзи ҷавонон, рӯзи дави миллӣ, рӯзҳои парчам ва забони модарӣ ва амсоли чунин чорабиниҳои пурнуфузи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ҳамеша номбардори ватану миллати хеш буда, баҳри ифодаи арзишҳои миллӣ, баёни сулҳу оромӣ, моҳияти тинҷиву амонӣ сухан ва маърӯзаҳо менамоянд.

     Ин аст, ки Президенти кишвар зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 Пешвои миллат ҷавононро давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат гуфта, соли 2017-ро дар кишвар “Соли ҷавонон” эълон  намуданд.

     Воқеан ҳам, имрӯз ҳар як фарди ҷавони кишвар бояд баҳри таҳкиму пойдорӣ ва гулгулшукуфоии кишвар арҷгузор бошад. чуноне ки Презмденти кишварамон қайд мекунанд: “Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд”.

     Имрӯз барои фароҳам овардани шароити муосид барои ҷавонон дар ҷумҳурӣ як қатор қарору барномаҳои муҳими давлатӣ амал мекунанд, ки дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ҳиссагузоранд.

      Сиёсати давлатии ҷавонон низ имрӯз мавқею манзалати хоса дошта метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонони мо бо дарки масъулият таҷдиди назар менамоянд ва дар масъалаҳои муҳимми сиёсӣ зиракию ҳушёриро аз даст надода, қадами устувор ба пеш мегузоранд.
Аз ҷумла, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун воситаи таъсиррасон барои баратарфсозии монеаю зиддиятҳои ҷойдошта, нақши муҳим мебозад.

      Боиси зикр аст, ки бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, дар ин самт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим доштанд. Барномаи маҷмуии давлатии махсусгардонидаи нақшавӣ ва бонизом барои ҷавонон дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар алоҳидагӣ мунтазам давоми ҳар се сол, аз соли 1999 инҷониб таҳия ва амалӣ мегардад.

    Баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 тасдиқ шудааст. Барнома бо назардошти дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва тавсияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд.

     Хулоса, ҳар як ҷавони тоҷик имрӯз, дар фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ, дӯстию бародарӣ бо дигар халқиятҳо ба сар мебаранд ва пешрафти тамаддуни башарият, бахусус ҳифз намудан ва бовар дорем, ки ба арҷ гузоштан ба арзишҳои давлату миллати хеш ҳеҷ гоҳ бетараф нахоҳанд буд.

Каримова Маҳбуба Самариддиновна

омӯзгори фанни назарияи иқтисодӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.