ҒАМХОРИ ВА ТАШАБУСҲОИ ПАДАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОН

0 1

     Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини толҷикон ва муаррифгари асри миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ нақши воло доранд.

   Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити хуби арзандаи зиндаги ва арзандаи иҷтимои барои тамоми мардуми ҷумҳурӣ, насли ояндасози миллати тоҷик ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизматҳои шоен намудаанд. Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлату миллати тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти милли афзун мегардонанд. Яке аз роҳҳои дурусти тарбия намудани ҷавонон аз ҷиҳати равоншиносӣ наздик будан бо онҳо мебошад. Суҳбати меҳрубонона ошкоро, нармдилӣ, ғамхорӣ бо ҷавонон бо далелҳои ҳаётӣ мисол овардан ҷавоб додан низ яке аз роҳи дурусти тарбия намудани ҷавонон мебояд. Ҷавононро бояд дар руҳияи ватандӯстӣ хестаншиноси тарбия намуда онҳоро водор ма одобу ахлоқи намуда роҳсипор созем. Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асоси ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат,муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Мо омӯзгорон  бояд ба тарбияи ҷавонон яънеи насли навраси тоҷик сидқан машғлу буда, дар ободии кишвари азизамон ҳисса гузошта, насли наврасро дар руҳияи ватандӯсти, меҳнатдӯстӣ ва дустиву бародарии якдигар  тарбия намоем. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузири ташакул ва амали намудани сиёсати тавлатии ҷавононро пазируфтааст. Мавриди зикр аст,  ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда Қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдории ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” Консапсияю стратегияи давлдати дар самти тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалӣ гардонидани як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ мулоқотҳои пайвастаи мунтазами ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони Ҷумҳурӣ роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо барои ҷавонон пешниҳод карда шуданд. Ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ тақвияти таъми ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи неруманди кишварамон ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор намудани рукнҳои давлатдории навин ҳимояи марзу буми ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босурати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамоянд. Тавре сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намудаанд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чун ки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватан имрӯз бо нангу номуси миллат ташабусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар- Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадавҳои пешгирифтаи  олии Сарвари давлат пиндошта мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузури зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзанди худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумуи кишвари азизамон ҳамчун пешбарандагони давлату миллати тоҷик бо ҳадафҳои созандаю бунедкорона худ  фаъолияти худро равона месозанд.

Омузгори фанни “Ҳуқуқ”

Аламхонова Санавбар Ҷамшедовна

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.