ҶАВОНОН ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

0 4

     «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои

оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша 

ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд»

                                        

                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

       Соли 1999 Маҷмаи Умумии СММ дар қатъномаи №A/RES 54/120 тавсияи Конфронси умумиҷаҳонии вазирони кор бо ҷавононро 12 август дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил карда мешавад, ҷонибдорӣ намуд ва таҷлили ин ҷашн ба ҳукми анъана даромад.

      Ба воситаи татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ҳалли масъалаи муҳиму ҳалкунандаи ҷомеа – тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида ва танзиму тарҳрезии ояндаи устувори ҷомеаро таъмин намудан имконпазир аст.

    Баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузири ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омада, новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ин масъалаи муҳим дар маркази диққати роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор гирифт. Дар мудати кутоҳ баъди ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии ҷавонон – «Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 13 марти соли 1992 қабул карда шуд.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Ин бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. 9 июни соли 1993 баъди барқарор гаштани сохти коститутсионӣ бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

    Бо дар назардошти неруи созандаву ворисони оянда будани ҷавонон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавони кишвар мулоқот намуда, пас аз он Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расонданд. Тибќи Фармони мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997 Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо назардошти тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ тибқи ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи 2017 (№257) дар ҷашни «Соли ҷавонон» Кумита тағйири ном кард ва фаъолияти худро ҳамчун Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ба роҳ монд.

   Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ ва ҳимоя намоянд. Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост. Бахусус, ғолибияти толибилмони макотиби миёна ва олӣ дар олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони ҷавони тоҷик ва парафшон шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ меваи самари Истиқлолияти ҷавон аст, ки давлату миллати тоҷик аз шаҳди он лаззат мебаранд.

    Чуноне, ки  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо бояд ташаббус ва неруи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣилмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем…»

    Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд.

   Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

    Ҳамзамон дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 256 нафар омӯзгорон кору фаъолият доранд, аз ин шумора 118 (46,0%) нафар омӯзгорони ҷавон, аз ҷумла 82 (32,0%) нафарашонро омӯзгор-зани ҷавон ташкил медиҳанд.

    Новобаста аз омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ, ҷавонони муассиса боз дар чорабиниҳои гуногуни дохили муассисавӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирокӣ босамар доранд.

     Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавон, истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Аз ин сабаб агар хостгори ояндаи дурахшон бошем, аз имрӯз барои ободонии диёр камари ҳиммат бастанамон зарур аст.

 

ЛАТИПОВ С.Ш. Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.