Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои оила, дастгирии оила ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида мешавад.
Аз ҷумла, қабули ду қонуни миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо мақсади таҳкими оилаҳо ва пешрафти онҳо тасдиқ ва қабул гардидааст.
Вале, мутаассифона то ҳол дар кишвар пошхӯрии оилаҳо ба назар мерасад, ки сабабу омилҳои худро дорад. Яке аз сабабҳои онро мутахассисон ба оқибатҳои ногувори никоҳҳои хешутаборӣ рабт медиҳад, ки оқибат ба таваллуди фарзандони маъюб оварда мерасонад ва билохира мафҳуми оилаи солимро аз байн мебарад. Аз ин рӯ, қонунгузории кишвар никоҳи хешутабориро манъ намудааст.
Масъалаи аз байн бурдани никоҳи хешутаборӣ соли 2016 аз ҷониби Парлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар он Вакилони парлумони Тоҷикистон гуфта буданд, никоҳи хешутаборӣ яке аз сабабҳои аслии ба дунё омадани кӯдакони маъюб дар кишвар аст ва манъ шуданаш ҳам асосан ба ин мушкил рабт дорад. Аз ин рӯ, хешу табори наздик ҳаққи издивоҷ бо якдигарро дигар надоранд ва дар баробари ин, инчунин, гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои арӯсу домод ҳатмӣ шуд.