ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПАЙҒОМИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОРОНАИ ҶОМЕА

0 6

   Мутобиқи муқаррароти моддаи 69 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он бовосита салоҳиятҳои Президент пешбинӣ гардидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад. Маҳз дар ин асос ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.

    Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, 28 декабри соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи Тоҷикистон бо Паёми хеш “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суханрони намуданд, ки ин пайғомро халқи Тоҷикистон бо як хушу хурсандӣ ва чеҳраи болида тамошо ва қабул намуданд.

     Паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, ки ҳамасола ироа мегарданд, хусусияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дошта, самтҳои сиёсати давлатдориро дар дохил ва хориҷи кишвар муайян менамояд. Паёми навбатии Сарвари давлат барои марҳалаи кунунии рушди давлатдорӣ аз ҳар ҷиҳат фарогир ва  пурмуҳтаво буд. Дар он тамоми масъалаҳои муҳимми ҳаёти мардуми кишварамон таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушд ва қадамҳои навбатӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ муайян карда шуданд.

    Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо баррасии муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2023 оғоз шуда, дар он соли сипаришуда барои кишварамон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он боз як соли бобарор арзёбӣ гардид. Яъне бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла густариши бемории сироятии “КОВИД–19”, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди кишварамонро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  метавон ҳамчун як  санади стратегии фарогир, таҳлилу баррасикунандаи амиқу дақиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъминкунандаи дурнамои рушди устувори кишвар унвон намуд.

      Ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад, зеро риояи қонун аз оила, аз маҳалла, аз ҳар яки мо вобаста мебошад. Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  назди ниҳодҳои давлатӣ ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу амният, суботи ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон вазифаҳои мушаххас гузоштааст.

   Мо ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти  доимии худ қарор дода, бо мақсади мусоидат ба амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизмҳои татбиқи сиёсати дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саҳми  муносиби худро хоҳем гузошт.

Шарипова Комила — декани факултети кори фарматсевтӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва шабона

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.