ПАЁМ-ДАСТУРИ РАҲНАМО БАРОИ ҲАР ЯК ФАРД

0 7

Вусъати сарсабзии мо аз Паём омад падид.

Ҳарфи паймони сиёсатро чунин бояд шунид.

Якдиливу якзабонӣ шаҳсутуни давлат аст,

Зиндагиро баъд аз ин бо чашми дил бояд бидид.

      Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳуҷҷати сарнавиштсоз буда, он тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро дар тулӣ як соли фаъолият натиҷабандӣ намуда, вазифаҳоро барои як соли оянда муайян менамояд.

    Паёми Президентро на танҳо узви мақомоти олии қонунгузори мамлакат – Парлумон, балки намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимият ва сохторҳои идоракунӣ — вазорату идораҳо, муссисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ васоити ахбори умум, умуман кулли шавҳрвандони мамлакат тамошо намуда, ба суханронии роҳбари давлат чун барнома, ҳидоятнома таваҷҷуҳи амиқ ва хосса зоҳир менамоянд ва аз он маълумот, далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ба даст меоранд ва барои фаъолияти минбаъдаи хеш дастуру супоришҳои мушахас мегиранд.

     Паём ин санади хеле муҳимму сарнавиштсоз, роҳнамо ва дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ва фарҳангии мамлакат буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо нақши калиди мебозад, балки тараққиёти оянда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқро тарҳрезӣ намуда, вазифа, мақсаду маром, роҳу василаҳои тактикии расидан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳуриро муайян ва мушаххас месозад.

       Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илму фарҳанг, таълиму тарбия, тандурустӣ, варзиш, масъалаҳои оила, занон, ҷавонон, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, амният ва субот дар ҷомеа, мубориза алайҳи қонуншикани, терроризм, экстремизм, пешгирии паҳн шудани фарҳангу ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мавриди таҳлил, баррасӣ қарор гирифтанд.

     Паёми Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дорои мазмуну муҳтавои хеле пурарзиш, ҳадафрас ва таҷассумгари вазъи кунунӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мамлакат, дурнамо ва паёмадҳои хушоянди фардои миллат, орзуву ормони халқи тоҷик дар роҳи бунёди Тоҷикистони ободу озод ва шукуфону мутараққӣ мебошад.

    Ҳар нуктаи ин Паём як китоби бузурги зиндагӣ ҳаст. Дар ин Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пурра ва возеҳ маълумот дода барои самаранокии фаъолияти оянда дар ин самтҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

     Пешвои миллат бо боварӣ ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон изҳор намуданд, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

     Дар умум суханронӣ ва насиҳатҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистониро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва садоқат ба халқу меҳан раҳнамоӣ месозад.

Талабова Моҳира — декани факултети кори ҳамширагӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.