МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ — КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

0 4

      «Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, ҳамчун ҷинояти вазнин, яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халолдоркунандаи рушди суботи иқтисодию иҷтимоии давлат мегардад. Биёед кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем».

                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Дар қатори дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Ин падидаи номатлубро мо метавонем дар байни соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон, аз ҷумла илм, фарҳанг, бонкдорӣ ва ба монанди инҳо мушоҳида намоем. Яке аз мутафаккирони бузург Ш.Л. Монтескиё доир ба коррупсия ақидаи худро чунин пешниҳод намудааст: «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ, тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад». Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рузҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар ин самт қадамҳои устувор гузоштааст.

        Муқовимат бо коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти давлатӣ вогузор намуд, балки ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ин падидаи номатлуб саъю талош намоем. Дар роҳи тарғиботу ташвиқоти тафаккури зиддикоррупсионӣ иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа бисёр муҳим буда, баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб заминаи асосиро мегузорад. Хулосаи гуфтаҳои дар боло овардашуда ин аст, ки ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро зарур аст то бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон баранд. Дастуру супориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои зиндагии шоиста, бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари щиммат банданд.

Раҷабова Комила

Декани факултети кори дандонсозӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.