Дар китоби «Равшангари бузург» (Душанбе:»Адиб», 2006, 340 с.) Муҳаммадҷон Шакурӣ лаҳзае аз ҳаёти академик Б. Ғафуров оварда шудааст: «Соли 1972 китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад, ва зуд шуҳрат ёфт. Ҳар зиёии тоҷик мекӯшид, ки нусхае аз он ба даст биёварад ва ҳар кас, ки ба даст овард, ба як нишаст хонда мефуровард. Пас аз чанде Бобоҷон Ғафуров (1909-1977), ки дар Маскав зиндагӣ мекард ва сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми шӯравӣ буд, худ ба шаҳри Душанбе омад ва бештар аз пештар мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор гирифт.
Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946-1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:
Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.