ҶАВОНОН-СОЗАНДАГОНИ ФАРДОИ ВАТАН

0 16

       Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

                                                                           ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

    Масъалаи кор бо ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, ҳанӯз аз лаҳзаҳои нахустини оғози кории роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифта буд. Президенти ҷавон, ҷавонпарвар, дурандеш ва хирадманди халқи тоҷик, муҳиммият ва зарурияти ҷавононро дар бунёди давлати навин аз ҳамон лаҳзаҳо дарк карда, баъди 90 рӯзи оғози роҳбарӣ, дар таърихи 2-юми феврали соли 1993 мулоқоти нахустини худро бо ҷавонони кишвар ба роҳ монданд.

     Дар раванди бунёди давлати навини тоҷикон — Тоҷикистони соҳибистиқлол, барои саводнок намудани ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар, хосатан Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имкониятҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳонӣ фароҳам оварда шуд. Инчунин, дар самти дастгирии ҷавонон якчанд қонуну барнома ва консепсияҳо қабул шуд, ки заминае барои таҳкими дониши ҷавонон ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон хоҳад буд. Аз ҷумла, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” (13.03.1992), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 1997 “ Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ва дар ҳамин замина таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003”, таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ   (20.03.1998), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси стипендиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсей, гимназия, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникум ва коллеҷҳо”, эҳё шудани рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, 23-юми май эълон гардидани Рӯзи ҷавонон, доир гаштани чандин фестивалу озмуну конфренсияҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ва монанди инҳо исботи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Барномаву қарорҳои қабулшуда баҳри баланд брдоштани мавқеъи ҷавонон, таъмини пурраи солимии маънавии онҳо равона гардидааст ва дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст.

    Хулоса, ҷавонони моро мебояд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои роҳбарияти кишвар ҳамеша муҳофиз ва ҳомии сарзамини худ бошанд, тамоми саъйю талоши худро баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз равона намоянд.

Талабова Моҳира

Декани факултети кори ҳамширагии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.