ТЕРРОРИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

0 8

        Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

     Асри XXI-ро мушкилот ва таҳдидҳои гуногуни ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Ҷаҳони муосир тарзе намудор мегардад, ки ҳар як фардро водор месозад, то оиди воқеиятҳо андешае намояд. Бо вуҷуди он, ки ҷаҳони имрӯза дар як зинаи баланди тараққиёт ҷой дошта бошад ҳам, дар баробари ин, хатару таҳдидҳои зиёде ҷой дорад, ки ҳар лаҳза метавонад хосияти манфии худро ба оламиён ба вуҷуд биёрад.

       Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд. Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, СПИД, қашшоқӣ, масоили экологӣ ва об, фурӯши ғайриқонунии одамон, касалиҳои сирояткунанда ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки агарчӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо ғайриимкон аст. Ба замми ин‚ таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии ҷаҳонро халалдор месозанд.

          Терроризм аз забони лотинӣ (terror-тарс, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охири асри XVIII ҳангоми Инқилоби Фаронса истифода шудааст.

        Ҳоло дар ҷаҳон шумораи зиёди ташкилотҳои террористӣ ба қайд гирифта шудааст, аз қабили «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-Қоида», «Толибон», «Бардорони мусалмон», «Лашкари Тайиба», «Ҷамоати таблиғ», «Созмони Таблиғот», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломӣ», ва «Салафия».

      Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд.

     Бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.

     Ҷавонон, ки нерӯи тавоно ва ояндасози давлату миллат мебошанд бояд, ба қадри сулҳу суббот, оромии кишвар ва истиқлолияти давлатӣ бирасанд ва худро ҳамеша аз таъсири омилҳои афроти эмин нигоҳ доранд.

Абдураҳмонова Ҳалима

Омӯзгори МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.