ЯК НИШОНИ ИН ДИЁРИ НОМДОРАМ ПАРЧАМ АСТ

0 21

               “Мо – мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлатии худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон сайъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем”.

                                                            Эмомалӣ Раҳмон

       Боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

    Парчами миллӣ — ифодакунандаи иттиҳоду ягонагӣ, сарҷамъию муттаҳиддӣ, нангу номуси ватандориву хештаншиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо мебошад.

       Дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан ин яке аз рамзҳои муҳимтарин ва асоси истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақили миллӣ ба ҳисоб меравад.

  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

    Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

      Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.

      Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонониТоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

    Ҷавонону варзишгарони тоҷик, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар тамоми олам парафшон месозанд.

   Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ арҷ гузорем.

Декани факултети кори ҳамширагӣ                    Талабова М.Н

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.