ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО ЗИНДА БОДО!

0 10

    Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардидааст.

       Бо дар назардошти арҷгузорӣ ва ҳивзи арзишҳои миллию давлатӣ ҳамасола рӯзи 24-ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

       Аввалин Парчаме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, дар Осорхонаи миллӣ Тоҷикистон ҳифз гардидааст . Матои Парчами давлатӣ, ки муарифгари миллатти тоҷик дар арсаи чаҳонӣ имрӯза аст бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рузҳои тачлили 15-умин солгарди Ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд аз ин пас матои Парчами давлатӣ дар шуъбаи таърихи нав ва навтарини толори Истиқлоли Осорхонаи миллии Точикистон манзури тамошобинон гардидааст. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин сунати аҷдоди таърихи беш аз 40 ҳазорсола дорад.

    Яке аз рамзҳои давлатдори тоҷикон парчам мебошад. Парчам дар баробари нишон, суруди милли, конститутсия, Пули милли яке аз муқадасоти миллӣ ба шумор меравад. Аз ин ру, баробари ба даст овардани соҳибистиклолият 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосия тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Чумҳури Тоҷикистон рамзҳои давлати аз он чумла парчам қабул гардид.

     Аз он рӯз ин ҷониб рузи парчам дар қатори дигар ҷашнҳои нави милли фаромушнокпазир ва рузи ифтихору сазоворист.Худи парчамбарои миллат эътибору шараф ва яке аз нишонаҳои муқадас аст. Парчами давлати рамзи саодату иқболи мардуми сарбаланди тоҷик ба ҳисоб рафта он баёнгари сулҳу субот буда ваҳдату ягонагии моро исбот мекунад.

    Парафшон гардидани он моро ба суи ояндаи неку дурахшон ва фардои ободу осуда рохнамои мекунад.

Эй парчами умед, эй ном эй нишон,

Дар осмони бахт кардат ки парафшон.

    Президенти Ҷумхури Тоҷикистон Эмомали Рахмон дар паёми худ ба муносибати рузи парчам аз 23 ноябр соли 2010 рангхои парчами миллиро ифодагари рохи таърихиест халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги милли ва сиёси дониста гуфт.

    Ранги сурх-рамзи ранги муборизаву ҷоннисории ҳалқ барои озоди ва истиқлол.

     Ранги сафед-нишонаи бахту саодат, умеду орзуст ва Ранги сабз- нишонаи сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву, хуррами ва абадият мебошад дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар чой гирифтааст, ки он ишора ба рамзҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиклол мебошад

Тоҷикистон аз мани ту бо ҳама шоду гамат.

Парчами ту чилвагар дар сарзамини миллат

Ранги сурху сафеду сабзе, ки дар бар кардаи,

Ин нишонаи такдири маруми сарбаландат.

        Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо устодон ва ҳамсабакони муҳтарам ва тамоми тоҷикистониёнро дар остонаи ин ҷашни фархунда-Рузи Парчами давлати самимона муборак бод мегуям. Орзумандам, ба бахти мо давлати ин миллати наҷиб, ки тули садсолаҳо тассалути бегонагонро тахамул намуда акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад бар давом монад. Умедворам, ки суруди миллии ин миллат ба тасири ҳамеша токинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

Декани Факултети Кори табобатӣ              Одинаев Ҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.