ПАРЧАМ МИЛЛӢ ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

0 4

    Мардуми форсу тоҷик ба ҳайси поягузорони тамаддуни башар шинохта шуда, дар тӯли ҳазорсолаҳо чандин давлатҳои бузургу тавоноро бунёд карда, таҳти парчами ягона ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг, дину ақида ва марзу буми аҷдодиро ҳифзу парасторӣ намудаанд.

    Ҳар парчам ифодагари нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкарда ва нишонаи истиқлолияти он мебошад. Ҳанӯз дар Парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, тасвир гардида, рамзи як давлати нерӯманди ҳамон замон ба ҳисоб мерафт.

     Албатта дар замони кунунӣ ҳар як миллату давлат ва ҳатто халқиятҳоро дар арсаи ҷаҳони мутаммадин аз рӯи рамзҳои милияшон мешиносанду муаррифяшон менамоянд. Чун, ки рамзҳои давлатӣ ифодагари ягонагии ҳар як далати соҳибистиқлолу мутаммадин мебошад. Дар руи дунё анқариб ягон давлате вуҷуд дошта наметавонад, ки соҳиби рамзҳои давлатии худ бошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз давлатҳои тозабунёд ва тоза истиқлоли дунёи мутаммадин буда, баъди ба даст овардани истиқлолияти комили худ, соҳиби рамзҳои миллӣ: Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллии худ гардид. То солҳои пеш аз истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Итиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ҳамчун Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон қарор дошт ва дар ин замон 15-давлати ИҶШС соҳиби як парчам буданд. Хушбахтона 9-уми сентябри соли 1991 баъди пош хурдани Итиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба даст оварда, дар арсаи байналмилалӣ тавонист ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мустақил худро муаррифӣ намуда рамзҳои давлатии худро қабул наояд.Аз ҷумла: » Парчам, нишон, суруди миллӣ ва пули мили» -ро.Парчам- ифодагари умеду ормонҳои ниёгонамон, ки аз замонҳои гузашта аҷдодонамон барои аз даст надодани як зарра хоки меҳан ҷонбозиҳо кардаанду барои ҳифзи Парчам ва ҳимояи Ватан ҷони худро аз даст додаанд, имруз дар рӯи ин дирафш, ин ливо хуб тасвир ёфтааст. Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.

   Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

      Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

     Тавассути парчам натанҳо кишварҳоро дар арсаи ҷаҳон мешиносанд, балки парчам ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва омили ифтихорофарини давлату миллатҳо дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва мусобиқоти варзишии бонуфузи бийналмилалию минтақавӣ барафарохта мешавад. Маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳо мо шоҳиди ба ваҷд омадани одамон аз ифтихороти миллию давлатиашон мешавем. Ин ҳолатҳо то ҷое таъсирбахш ва самимиянд, ки дар пеши чашми миллионҳо бинанда одамон ашки шодӣ мерезанд.

     Бо назардошти ин ҳама баъд аз қабули эъломия дар бораи Истиқлолияти давлати аз сӯйи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия дар бораи тартиб додани нӯсхаи нишон ва парчами миллӣ таъсис дода шуд. Баъд аз барраси ва муҳокимаронии тӯлони аз сӯйи вакилон нӯсхаи парчам бо рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар заминаи он қарорҳо дар бораи нишон ва парчами миллӣ қабул гардид. Минбаъд он ба таври анъана ва дар шаклҳои гуногун такмил ёфт, аммо танҳо як ҳадаф — ифодакунандаи орзую омоли халқи тоҷик аст.

    Дар давраи истиқлолияти давлатӣ он ифодагари орзую ормон ва идеалҳои минбаъда ва пешгирифтаи ҷумҳурии тозаистиқлоли мост. Зери ин ливои пуршукӯҳ савганд ёд карда, барои ободии кишвар мубориза бурданро ҳадафи хеш қарор додаем. Намунаи олии чунин қасамёдкунӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон хос аст. Маҳз ақлу хирад ва матонату мардонагии ин Роҳбари сарсупурда баҳри озодии меҳан рӯҳияи раиятро ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ баланд бардошт.

   Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёнтаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх- озодиву истиқлол, ранги сафед- сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ “Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.