ҶАЛАСАИ АВВАЛИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ КОЛЛЕҶ БАРГУЗОР ГАРДИД 0 4 Мубодила кардан 31 августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҷаласаи аввали Шӯрои олимон баргузор гардид. Ҷаласа бо иштироки роҳбарияти муассиса, аъзои Шӯрои олимон ва омӯзгорони коллеҷ баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти таълимӣ, ташкилию методӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва натиҷаҳои фаъолияти муассиса мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Дар масъалаи аввал — «Баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи нақшаи кори Шӯрои олимон ва ҳайати Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2026–2027» — директори коллеҷ, н.и.т., Назарзода Ҷумахон Шамс баромад намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯрои олимон дар соли нави таҳсил, вазифаҳои аъзои шӯро, масъулияти омӯзгорон ва масъалаҳои муҳими соҳаи таълиму тарбия андешаронӣ намуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки дар шароити муосир баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои нави таълимӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз вазифаҳои муҳимми муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Сипас, натиҷаҳои ҷамъбасти сессияи тобистонаи соли таҳсили 2025–2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оид ба ин масъала муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Нуруллоён Сарвиноз Аҳмадулло баромад намуда, нишондиҳандаҳои таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, иштироки онҳо дар раванди таълим ва натиҷаҳои имтиҳонҳоро мавриди таҳлил қарор дод. Дар идомаи ҷаласа масъалаи натиҷаи аттестатсияи давлатии хатм дар соли таҳсили 2025–2026 баррасӣ гардид. Сардори шуъбаи таълим Сафарзода Ф.Р. оид ба натиҷаҳои аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, сатҳи омодагии онҳо ва нишондиҳандаҳои бадастомада маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Яке аз лаҳзаҳои хотирмони ҷаласа қадрдонии омӯзгорони коллеҷ буд. Барои фаъолияти пурсамар дар самти таълиму тарбия, саҳми арзанда дар омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва хизматҳои назаррас дар рушди соҳаи тандурустии кишвар аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омӯзгорони коллеҷ нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим карда шуд. Бо ин нишони сарисинагӣ омӯзгорони коллеҷ Одинаев Ҷ.Т., Раҷабзода К.Н., Аҳтамзода С.С., Лоҷварбии Амирзод, Раҳмонзода Алӣ ва Гулов Б.С. сарфароз гардиданд. Ҳамзамон, барои фаъолияти самаранок, меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар соҳаи маориф ва тандурустӣ ба омӯзгорони коллеҷ Нуралиева К.Д. ва Сайдалиева У.А. Ифтихорнома тақдим карда шуд. Қадрдонии омӯзгорони фаъол дар ҷаласа ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи хос ба фаъолияти кормандони соҳа ва қадршиносӣ аз меҳнати содиқонаи онҳо арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки чунин дастгириву қадрдонӣ масъулияти омӯзгоронро боз ҳам баланд бардошта, онҳоро ба фаъолияти самаранок, ҷустуҷӯи роҳҳои нави таълим, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ҳидоят менамояд. Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои рӯзнома ҷамъбаст гардида, барои соли таҳсили нави 2026–2027 вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Таъкид гардид, ки Шӯрои олимон ҳамчун мақоми муҳими коллегиалии муассиса дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди фаъолияти илмӣ-методӣ ва таҳкими заминаи касбии коллеҷ нақши муҳим дорад. Ҷаласаи аввалини Шӯрои олимон бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ ва ҳадафҳои созанда барои оғози соли нави таҳсил ба анҷом расид. Саидҷамол Зайдуллозода Мутахассиси шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 4 Мубодила кардан